Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи баҳори оламафрӯз, ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва иди умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳру деҳоти Исфара ҳашари ободонӣ бо иштироки васеи сокинон ва ҷомеаҳои меҳнатӣ гузаронида шуд. Иқдоми мазкур рӯзи шанбе дар маркази шаҳр ва ҳудуди 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Исфара бо шукронаи фазои осудаву ором, раванди бунёдкориву созандагӣ ва Истиқлолияти давлативу миллӣ сурат гирифт. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як тараф сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ватандўстӣ, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ватану меҳан ва тарғиби маърифати шаҳрвандӣ мебошад. Исфарагиён бо мақсади саҳмгирӣ дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва ободонии маҳалли зисту фаъолият ба ҳашар баромада, дар чодаи ободонии худуди вобастакардашуда, тоза кардани нахру ҷӯйборҳо, буридани шохҳои зиёдатии дарахтони қади роҳҳову нигоҳубини гулу сабзаҳо, кабудизор ва гулкорӣ намудани майдонҳо, аз партов тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳо, рӯбучин ва аз алафҳои бегона тоза намудани атрофи корхонаҳо, сафед кардани танаи дарахтон, ҳамчунин оро додани кӯчаҳо бо лавҳаву навиштаҷотҳо саҳмгузорӣ намуданд. Зимни боздиди гурӯҳи эҷодии мо корҳои ободонӣ асосан дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ, гардиши маҳаллаи Бинокор, дар майдони назди муҷассамаи Парчам, ҳудуди Беморхонаи марказӣ суръати тоза гирифта, ҳашарчиён бо баробари анҷоми корҳои ободонӣ ба шинонидани гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ машғул буданд. Корҳои ободонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ низ муташаккилона сурат гирифта, ҳашарчиён дар кори аз партову алафҳои бегона тоза кардан ва ороста намудани шоҳроҳ ҳиссагузорӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи корхонаву муассисаҳо ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, дар баробари ин дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, бехи ниҳолҳои сояафкан нарм карда шуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар самти омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилал ва нақша-чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ амалӣ гардида, дар оянда низ силсилаи чунин маъракаҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав