КАБУДИЗОРКУНӢ ВА НИҲОЛШИНОНӢ

Бо баробари фарорасии фасли баҳор, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара корҳои ободонию сабзкорӣ вусъати тоза мегиранд. Чун анъана исфарагиён бо мақсади ба диёри ҳамешасабз табдил додани шаҳри азизамон рӯзҳои истироҳати гузашта бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳашари ободонӣ баромада, дар анҷоми умури тозакуниву ободонӣ ва гулу ниҳолшинонӣ ширкат намуда, саҳми худро барои сабзу хуррам гардони шаҳр гузоштанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бо рафти корҳои тозаю ободсозӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии шаҳр шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат намуд. Кормандону мутахассисони хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр бо истифода аз обу ҳавои мусоид майдону гулгаштҳоро тозаю обод менамоянд. Ҳамчунин дар қади роҳҳо ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда, майдону киштзорҳо нарму побел карданд. Бино ба иттилои мудири бахши ҳифзи муҳити зист Н. Охонов, дар мавсими тирамоҳ ва зимистони сипаришуда дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара дар доираи маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ 2586 (34,12% нақшаи муқарраргардидаро бозгӯӣ мекунад) бех дарахтони ороишӣ, 1306 (5,61%) бех дарахтони сояафкан, 15756 (58, 14%) бех дарахтони мевадиҳанда, 5182 (10,05%) дона гули садбарг ва 6886 (4,09%) адад гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав