ХОНАИ МАДАНИЯТИ ВОРУХ БА ҚАСР ТАБДИЛ МЕЁБАД

Корҳои азнавсозии Хонаи маданияти ҷамоати деҳоти Ворух боcуръат ва мутобиқ ба талаботи меъмории миллию муосир идома дошта, аллакай намуди қасри воқеии фарҳангро ба худ гирифтааст. Ҳар нафаре аз сокинони деҳа, ки ин рӯзҳо бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои навсозӣ вориди иншооти мазкур мегардад, баъд аз тамошою боздиди он бо рӯҳияи баланду болидахотир берун меояд. (Лутфан, ба аксҳо нигаред) Ин иқдоми неку созанда тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ рӯйи кор омада, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ дар ҳаҷми 12 млн. сомонӣ амалӣ мегардад. Фармоишгари корҳо Идораи сохмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам азнавсозии қасри фарҳанги Ворух, ки дорои 650 ҷойи нишаст буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он бунёди толори ақди никоҳ, китобхона, утоқҳо барои маҳфилҳои мухталиф ва кошонаи ҳусн ба нақша гирифта шудааст, ба рушди фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат хоҳад кард. - Тибқи дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Пешвои миллат ва бо иқдому дастгириҳои раиси вилояти Суғд мо бояд, ки муҳимтарин муаммоҳои иҷтимоии деҳоти наздисарҳадии Ворухро ҳал намоем, мушкилоти мардумашро осон кунем ва Ворухи зебоманзарро ба яке аз деҳоти ободу зебо ва пешрафтаи диёр табдил диҳем, - бо азму нияти созандаю ободкорона мегӯяд раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода. Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ворух дар қаламрави Исфара аз ҳама калонтарин, зебою боҳашаматтарин хоҳад буд.

Хабарҳои нав