ВОРУХ: ЁРОН АҲЛУ КОР САҲЛ АСТ..!

Халқи мо як мақоли бисёр хуб дорад: Ёр аҳл бошад, кор саҳл аст. Ин гуфтори ҳакимона аз тасодуф ва бе ҳикмат нест. Мардумро ба аҳливу тифоқӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ ва муттаҳидию сарҷамъӣ талқину ҳидоят мекунад. Вақте кас имрӯз аз деҳаи хушманзари Ворух дидан мекунад ва ба кору пайкори созандаи ворухиён некбинона назар меафканад, маънии гуфтори болозикрро ба хубӣ дарку эҳсос хоҳад кард. Пиру барнои Ворух имрӯз аҳлонаю сарҷамъона баҳри ободии сарзамини аҷдодии хеш камари ҳиммату ҷавонмардӣ бастаанд. Силсилаиқдомоти созандаю бунёдкоронаи дар ин деҳа роҳандозинамудаи роҳбарияти давлату ҳукумат ва пайваста ҳалли мусбии худро ёфтани мушкилоти иҷтимоии мавҷуда боиси рӯҳбаландиву ризоияти кулли мардум гардида, имрӯз сокинонаш, алалхусус ҷавонмардони ватандӯсташ таҳти сарварию роҳнамоии шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода Ворух даст ба дасти ҳамдигар дода, баҳри ободонии манзилу кӯчаву маҳаллаҳои хеш ҳамарӯза сидқан меҳнат мекунанд. Мавриди ёдоварист, ки замони пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус нахустин шуда дар кишвар ҷавонмардони олиҳиммати ворухӣ, соҳибкорон ва муҳоҷирини ворухии дар хориҷи кишвар кору фаъолият ва зиндагидошта бо ифтитоҳи суратҳисобе ҳар яке ба қадри имкону тавон ва ҳиммату саховатмандӣ маблағи кироие ҷамъ оварданд, ки дар он айёми ҳассос иқдоми заруриву чорасоз буд. Аз ҳама муҳимаш аз муттаҳидию сарҷамъӣ ва меҳру муҳаббати беандозаи ба зодгоҳу Ватан доштаи онҳо ва эҳсонкорию олиҳимматии онҳо шаҳодату башорат медод. Маҳз бо шарофати иқдому амалҳои хайрандешонаи онҳо Беморхонаи минтақавии Ворух ва Маркази саломатии деҳа таъмиру азнавсозӣ ва ободу муҷаҳҳаз карда шуданд ва дайни замон Беморхонаи Ворух яке аз беҳтарин беморхонаҳои минтақавӣ натанҳо дар шаҳр, балки дар вилоят аст. Имрӯз ҷавонмардони саховатманду ватандӯсту ҳимматбаланди ворухӣ ин иқдому ташаббуси неку созанда ва ободкоронаи худро беш аз пеш тақвият мебахшанд. Бо саҳмгузории онҳо алҳол симои Ворухи азиз комилан дигаргун гаштаву рӯ ободиву зебоӣ овардааст. Ҷавонмардони ғаюр ва баору бономусу ватандӯсти ворухӣ хуб медонанд, ки мушт дар ваҳдати ангуштон аст ва аз ин амалҳои хайр касе дар канор монданӣ нест. Аслан хуб аст, ки аз маҷрои созандагӣ дар канор набошӣ, то дар саҳфаи ҷаридаи даҳр номи нек касб намоӣ. Ин сатрҳоро менависаму беихтиёр фармудаи бузургони Аҷам дар зеҳнам гирдгардон аст: Иттиҳоди қавм душманро шикаст овардан аст, Хиштҳо якҷоя бардоранд бори хонаро! P.S.: Гузориши муфассал аз раванди созандагию бунёдкорӣ дар деҳаи Ворух ва амалҳои созандаю ободкоронаи мардумонаш дертар манзур мегардад.

Хабарҳои нав