Ифтитоҳи маркази хизматрасонии соҳибкор Абдуғафур Эшонов дар Исфара

12 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара дар маросими ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ширкат варзид. Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдуғафур Эшонов бунёд ёфта, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад. Дохили бино бо тарзу услуби хоса, оро дода шуда, барои ҳар як нафар корманд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳангоми шиносоӣ Раиси вилоят ба иқдоми соҳбикор баҳои баланд дода, ташаббуси соҳибкорони Исфарамарзро дар обдониву созандагии кишвар назаррас арзёбӣ намуд. Ҳамчунин ҷиҳати риояи ҳатмии қоидаҳои санитариву гигиенӣ, таъмини кормандон бо либоси ягона ва ба роҳ мондани фаъолияти муназзами он дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд. Сипас, Раиси вилоят рафти бунёди муассисаи таълимии умумии ғайридавлатии «Академияи контакт интернешнл”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо ва риоияи талаботу меъёрҳои сохтмонӣ дастур супоришҳои мушаххас дод.

Хабарҳои нав