НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА БАҲОВАДДИН БАҲОДУРЗОДА

Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ва ҷадвали тасдиқнамудаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо рӯзи 9-уми феврал нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода баргузор гардид. Пеш аз оғози нишаст ба таваҷуҳи ҳозирин навори видеоӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара дар соли 2020, ки дар Телевизиони Исфара таҳия шудааст, вогузор ва ба ҳар яке аз ширкатдорон варақаи иттилоотии хадамоти иттилооти раиси шаҳр дастрас карда шуд. Шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни баёни нишондодҳои асосии натиҷаи фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Исфара давоми соли 2020-ум аз ҷумла тазаккур дод, ки дар натиҷаи чораҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қатъи назар аз мушкилоти ҷойдошта ва таъсиру паёмадҳои ногувори бемории сироятии короновирус (COVID-19) дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд. Ҳамин зайл дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,7 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 137 млн. 258,3 ҳазор сомонӣ ва ё худ 898,3 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид. Иҷрои нақшаи буҷети ҷумҳуриявӣ 111,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 26 млн. 459 ҳазор сомонии пешбинишуда 29 млн. 545,7 ҳазор сомонӣ ва ё 3 млн. 86,7 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ пардохта шуд. Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 372,1 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 103,5 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба нишондоди соли 2019-ум 12,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бо ҷалби сармояи мустақим сохтмони 6 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 120 ҷойи корӣ ба маблағи умумии 2,4 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, давоми соли 2020 ҳамаи онҳо ба фаъолият оғоз карданд. Тибқи маълумотҳо давоми соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои шаҳр ва соҳибкорон ба хориҷи мамлакат, ба миқдори 13 ҳазору 431 тонна меваи хушк, 12 ҳазору 90 тонна маҳсулоти консервагӣ, 318 тонна пиёз ва 34 тонна семент содирот шудааст. Дар соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 560,4 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 112,3 фоиз таъмин гардид. Дар соли сипаришуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 146,3 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд, ки дар муқоиса ба соли пешин 3,3 маротиба зиёд мебошад. Ҳамзамон ҳаҷми корҳои пудратӣ ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 54,7 млн. сомонӣ ва ҳаҷми корҳои бинокорию васлсозӣ 49,2 млн. сомониро ташкил намуд. Минбаъд намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ба саволу пурсишҳои худ вобаста ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мавҷуда, раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ва нақшаву ниятҳои минбаъдаи роҳбарияти шаҳр ва амсоли ин посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар нишаст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - мудири Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Умринисо Пулодӣ иштирок дошт.

Хабарҳои нав