ИСТИҚБОЛ АЗ ПАЁМ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аз ҷониби сокинони шаҳру деҳоти Исфара бо ифтихори баланди соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ва азму иродаи қавии саҳмгузорӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҷараёни минбаъдаи маъракаи бунёдкориву созандагӣ истиқбол гирифта шуд. Дар ин рӯз сокинон дар идораву ташкилот, муассисаву корхонаҳо ва маҷмааҳои савдову хизматрасонӣ ба таври дастаҷамъона гузориши мустақими телевизиониро аз ҷараёни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо карданд. Ҳамзамон мардум имкон доштанд ҷараёни ироаи Паёми Сарвари давлатро тавассути 4 адад видеомониторҳои бузургаҷми дар ҳудуди шаҳр – дар майдони Исмоили Сомонӣ, гардишгоҳи “Баҳор”, маркази шаҳраки Навобод ва дар даромадгоҳи Осоишгоҳи “Зумрад” насбгардида тамошо кунанд. Сокинони шаҳру деҳоти Исфара дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир вазифагузориҳои Пешвои миллатро барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон, беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, ташкили низоми самараноки тайёр намудани мутахассисон ва бозомӯзии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосил, тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, тақвият бахшидани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат, баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа, пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ бо камоли ризоият ва қаноатмандӣ пазироӣ намуданд. Паёми имсолаи Президенти мамлакат бори дигар собит сохт, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Бо уммедворӣ ва шавқмандиву руҳбаландии тоза истиқбол гардидани Паём дар Исфара гувоҳи он аст, ки сокинони ин гӯшаи кишвар, дар қатори дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бардошти муассир аз ҳар як нуктаи Паём онро дар фаъолияти ҳамарӯзаашон пурсамар истифода хоҳанд кард.

Хабарҳои нав