ХУШХАБАР: БА ШӮРОБ ХАТИ ОБИ ТОЗАИ НӮШОКӢ КАШИДА ШУД.

Корҳои сохтмонии хати оби тозаи нӯшокӣ барои сокинони шаҳраки ангиштканон - Шӯроб бо қубурхонӣ дар масофаи 11,2 км ва ҳам бунёди 2 ҳавзи обнигаҳдории ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб асосан ба анҷом расида, оби ҳаётбахш ба ҳавз ҷорӣ гардид. Ҷоизи зикр аст, ки иншооти мазкур дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 14 миллион сомонӣ ҷудо гардид ва алҳол корҳои бунёдӣ дар ин самт вусъати тоза ёфтааст. Корҳои сохтмонию васлкуниро мутахассисон ҶДММ “Наврӯз - 2003” ба зимма дошта, дар асоси лоиҳа об аз дарёи Исфара, аз деҳаи Чорқишлоқ ба дарозии 11,2 километр тавассути қубурҳои баландфишор ба шаҳраки Шӯроб интиқол дода мешавад. Барои пурсамар фаъолият намудани иншоот агрегатҳои нав харидорӣ ва насбу васл карда шудаанд. Рӯзи гузашта иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамроҳ бо муовини якуми Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”ғи Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Саидзода зимни боздиди хеш аз шаҳраки Шӯроб бо рафти корҳои сохтмонии ин иншооти ҳаётан муҳим аз наздик ошно шуда, ба масъулин вобаста ба азнавсозӣ ва азнавбарқароркунии хатҳои обгузари 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии дар ҳудуди шаҳрак мавҷудбуда, яъне то ба манзили сокинон расонидани оби тоза ва иҷрои дигар корҳои ободонӣ супоришу дастурҳои мушаххас доданд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи супориши Сардори давлат 8 январи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва 13 январи соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади мусоидат ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинони шаҳраки Шӯроб сафарҳои корӣ анҷом дода буданд. Роҳбарияти шаҳри Исфара айни замон ҳолати кунунии иншооти хусусикардашудаи шаҳракро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, ҳамзамон барои тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ҶСШК «Ангишт» якҷо бо идораю сохторҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ чораҷӯӣ дорад. Мавриди ёдоварист, ки бо назардошти шаҳраки саноатӣ будани Шӯроб дар замони шӯравӣ миллату қавмҳои гуногун дар он маскун гардида, дар шаҳрак то 15 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Ҳоло бошад тибқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии аҳолӣ наздик 3000 нафар умр ба сар мебаранд. Нақшаи генералии шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара санаи 27 сентябри соли 2017 дар иҷлосияи 12-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум тасдиқ гардидааст. Дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон проблемаи норасоии оби нӯшокии сокинони шаҳрак то ҷашни ҷаҳонии Наврӯз куллан ҳалли мусбии худро хоҳад ёфт.

Хабарҳои нав