ШАҲРДОРИ ИСФАРА БА СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ЛАККОН: МУШКИЛЕ НЕСТ, КИ ОСОН НАШАВАД!

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо мақсади омӯзиши вазъи воқеии иҷтимоию иқтисодӣ, баррасии мушкилоти иҷтимоии сокинони ҷамоати деҳоти наздисарҳадии Лаккон якҷоя бо масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаю ташкилотҳои хизматрасонӣ ва сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тайи як рӯз дар деҳоти мазкур қарор дошт. Шаҳрдор ҳамроҳ бо масъулини сохторҳои марбута зимни боздид аз ҳамаи муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангиву хизматрасонӣ, хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонӣ, беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ, дидбонгоҳи сарҳадии дар ҳудуди деҳа ҷойгиршуда мушкилоту проблемаҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро бо мутахассисон ва сокинон дар ҷояш мавриди баррасӣ қарор дода, бо назардошти афкору андешаи мардум ҷиҳати ҳалли мусбию саривақтии онҳо дастурҳои мушаххас дошт. Тавре дар раванди боздиду сафари ҳайати бонуфузи корӣ маълум гардид, дар деҳоти Лаккон воқеан ҳам мушкилоти ҳалталаби иҷтимоӣ кам нестанд. - Ҳолати ногувору ғайриқаноатбахш ва ба таъмири куллӣ ниёз доштани роҳи асосӣ дар самти Исфара - Лаккон, алалхусус дар қисмати Чилгазӣ – Даҳана – Лаккон ва худи роҳи марказии дохили деҳа; - Ҳолати ташвишовари мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, норасоии оби полезӣ, мавҷудияти беш аз 200 гектар заминҳои бекорхобида ва аз истифода берунмонда; - Зарурати харидорию дастраснамоии дастгоҳҳои обкашӣ ва кофтани чоҳҳои амудӣ; - Мақсаднок истифода нагардани иншоотҳои фермаи чорводории собиқ хоҷагии давлатии “Лаккон”; - Нигаронкунанда будани падидаи номатлуби дар заминҳои кишоварзии ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун корманди кироя фаъолият намудани иддае аз занони деҳоти Лаккон; - эҳтиёҷоти аҳолӣ ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва беҳдошти шароити манзилӣ; - Мавҷуд набудани кӯдакистон, зарурати таъмири боми бинои муассисаи таълимии №71, дар сатҳи паст (87%) қарор доштани нишондоди ҷалби толибилмон ба зинаи сеюми таҳсилот; - Норасоии мошини ёрии таъҷилӣ ва мутахассисон аз ҷумла табибони оилавӣ дар соҳаи тандурустӣ; - Мавҷудияти қарзи истифодабарандагон аз оби полезӣ, қарзи аҳолӣ аз андоз ва нерӯи барқ...-аз ҷумлаи мушкилоти иқтисодию иҷтимоие буданд, ки мавриди баррасии воқеъбинона ва ҳамаҷонибаи шаҳрдори Исфара ва ҳайати ҳамроҳонаш қарор доштанд ва баҳри дарёфти роҳҳои ҳалли мусбии онҳо масъулин муваззаф гардиданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни сафари кории хеш ба беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ рафта, шароити зисту табобат, ҳолати таъминот бо хӯрокворӣ ва мушкилоти кормандони соҳаро мавриди омӯзиш қарор дод. Зимни боздиди худ аз дидбонгоҳи сарҳадии “Лаккон” низ ба шароити хизмативу фароғатии аскарону афсарон таваҷҷуҳ намуда, захираи сабзавоту хӯроквориро шахсан дидаву санҷида, ҳамзамон омодагии доимии роҳбарияти шаҳрро ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаб баён дошт. Вохӯриву мулоқоти шаҳрдор бо сокинони деҳоти Лаккон дар фазои самимона сурат гирифт. Даъвати Баҳоваддин Баҳодурзода ҷиҳати озоду ошкоро баён намудани андешаю афкор пиромуни проблемаю мушкилоти чойдошта ростӣ, барои мардум ғайричашмдошт буд. Ҳарчанд, ки ки дар оғоз андешамандию дудилагии сокинон эҳсос мегардид, баъдан мардум дарди дили хешро ошкор ба шаҳрдори хеш баён намуданд. Ҳамаи масъалаю мушкилоти изҳорнамудаи сокинон бо масъулони соҳа ва дар ҳузури онҳо муҳокимаю баррасӣ гардида, дар интиҳои мулоқот шаҳрдор муовинони соҳавии худ, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳам роҳбарони идораю сохторҳои марбутаро барои ҳалли муаммою мушкилоти ҷойдошта мушаххасан вазифадор намуд. Тавре мавсуф изҳор дошт, роҳбарияти шаҳр ҳамеша омода аст, ки ҳамагуна ташаббусу иқдомҳои неку ободкоронаи ҷомеаҳои меҳнатӣ, аҳолӣ ва соҳибкорони деҳоти Лакконро, аз ҷумла ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, хоссатан таъсиси кӯдакистони хусусӣ дастгирӣ ва барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба кӯмаку мусоидат намояд ва ҳамзамон аҳолии деҳоти Лакконро ба ваҳдату сарҷамъӣ, густаришбахшии амалҳои созандаю иқдомоти бунёдкорона даъвату ҳидоят намуд. Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Исфара

Хабарҳои нав