ШАҲРДОРИ ИСФАРА БА ДУХТАРАКИ ЯТИММОНДА РАҚАМИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИАШРО ДОД, ТО ДАР ҲОЛАТИ ПЕШОМАДИ МУШКИЛЕ МУСТАҚИМАН БА ХУДИ Ӯ МУРОҶИАТ НАМОЯД.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар раванди сафари кории хеш ба ҷамоати деҳоти Лаккон аз аҳволи духтараки ятиммонда Тоҷибоева Гулсанам пурсон шуд ва ба дидорбиниву аёдати ӯ рафт. Гулсанам Тоҷибоева хонандаи синфи 8-уми муассисаи таълимии №54 буда, барвақт аз меҳру муҳаббати падару модараш маҳрум мондааст ва айни замон тарбияти ӯро модаркалонаш ба зимма дорад. Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суҳбати самимонае, ки бо Гулсанам дошт, аз ҳолу шароити зист, раванди таҳсил ва мушкилоту эҳтиёҷмандиаш пурсид, бо шароити зисту зиндагонии ӯ шахсан шинос шудаву дастовезҳои бо худ овардаашро ҳадя кард. Падарвор дар ба сари кӯдаки маъсум ниҳодаву ӯро ба таҳсилу хониши аъло ҳидоят карда, омодагии роҳбарияти шаҳрро ҷиҳати мусоидат барои ҳалли саривақтии ҳамагуна мушкилоту эҳтиёҷмандиаш ва ҳам дар оянда идомаи таҳсилаш дар мактаби олӣ баён намуд. Дар интиҳои аёдату суҳбати самимона ба Гулсанам рақами телефони мобилии худ ва ҳам роҳбари дастгоҳи раиси шаҳрро дод, то дар ҳолати пеш омадани мушкилу муаммое бевосита ба худи ӯ муроҷиат намояд. - Ту дар паноҳи давлату ҳукумат, таҳти парастории Пешвои муаззами миллат ҳастӣ. Мо ҳамеша дар паҳлӯи ту ҳастем. - изҳор дошт шаҳрдор. Ҷоизи зикр аст, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамчунон ба манзили сокини ҷамоат Зокирова Ҷамила рафта, бо аҳволи аҳли хонаводаи ӯ шинос шуд ва ба ин оилаи ниёзманд кӯмаки моддӣ расонид. Зимнан, бо дарназардошти эҳтиёҷмандии ин хонаводаи камбизоат ба масъулин дастур дод, ки фавран масъалаи таъминот бо ангиштро ҳал намоянд. Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Исфара

Хабарҳои нав