ИҚДОМИ НАҶИБИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар арафаи Соли нави милодии 2021 ба аёдати аҳли хонаводаи 3 нафар ҷавонмардони дар раванди муноқишаи мусаллаҳонаи наздисарҳадӣ баҳалокатрасида – сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ шодравон Ҳусейн Ҳакимов,сокинони ҷамоати деҳоти Ворух собиқ омӯзгори МТМУ№23 марҳум Қароев Ҷалол ва равоншод Расоиддин Тешаев рафт. Мавсуф зимни дидорбинию суҳбати самимона бо аҳли байти бесаробонмондаи ин ҷавонмардони баору бономуси миллат аз шуҷоату ҷонфидоӣ ва садоқатмандии бемисли онҳо ба Ватани аҷдодӣ нек ёдовар гашта, зимнан аз вазъи рӯзгор, раванди таҳсили фарзандон ва муаммою мушкилоти хонаводагии онҳо пурсон шуд. Тавре ӯ изҳор дошт, тибқи дастуру вазифагузориҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша омодааст, ки ба ҳалли мусбии ҳамагуна мушкилоти иҷтимоии онҳо тадбирҷӯию мусоидат намояд. Баҳоваддин Баҳодурзода ба аҳли оилаи Ҳусейн Ҳакимов, Қароев Ҷалол ва Расоиддин Тешаев маводи хӯрокворӣ, маблағи пулӣ ва ба фарзандонашон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, зимнан таъкид дошт, ки дари утоқи кории ӯ ҳамеша ба рӯйи онҳо боз аст. Ӯ ҳамчунон раисони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворухро дигарбора вазифадор намуд, ки аҳволу шароити зиндагии онҳоро таҳти назари доимии худ қарор дода, онҳоро ҳамаҷиҳата кӯмаку дастгирӣ намоянд. Тазаккур бояд дод, ки қабл аз ин аёдат иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода кӯмакпулии яксолаи барои фарзандони ноболиғи шаҳидгаштагонро ба суратҳисоби бонкии онҳо интиқол дод, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ иловатан ба нафақаи иҷтимоиашон пардохт мегардад.

Хабарҳои нав