Дар шаҳри Исфара натиҷаҳои фаъолият дар самти тадбиқи сиёсати давлатии ҷавононро таҳлил, роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳоро баррасӣ ва вазифаҳои минбаъдаро муайян карданд.

Дар шаҳри Исфара натиҷаҳои фаъолият дар самти тадбиқи сиёсати давлатии ҷавононро таҳлил, роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳоро баррасӣ ва вазифаҳои минбаъдаро муайян карданд. Маврид ба зикр аст, ки алъон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин фароҳам овардани шароити иҷтимою иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои рушди иҷтимоии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Исфара барои солҳои 2019 – 2021” ва “Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони шаҳри Исфара барои солҳои 2019 – 2022” мавриди амалигашт қарор доранд. Воқеан ҳам дар соли 2020-ум саҳми ҷавонон дар ташкил ва баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ, чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, иттилоотию маърифатӣ, тарбиявию ахлоқӣ дар самти болобарии эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ, таъмини иҷрои нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пеша кардани тарзи ҳаёти солим, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, ҷилавгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирӣ аз сироятёбӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла КОВИД - 19 назаррас буд. Дар радифи дастовардҳои ҷавонони Исфара дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба гирифтани мақоми ифтихории сеюм мушарраф гардидани Муродҷон Бойсаризода, дар мусобиқоти ҷумҳуриявии Лигаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дарёфти мақоми аввал ва Ҷоми мусобиқот шарафёб гардидани дастаи футболи наврасони «Кимиё»-и Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳр ва бар асоси натиҷагирии назархоҳии Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарини соли мамлакат, роҳ ёфтани Ҳикматулло Воҳидов ва Муҳаммад Икромов ро метавон ба таври хосса тазаккур дод. Дар рафти ҷаласа ҳамзамон камбудиву ноқисиҳои мавҷуда гӯшзад карда шуда, барои ҳалли масъалаю мушкилоти ҷойдошта ва таъмини самаранокии фаъолият дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар назди аъзои Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси шаҳри Исфара, сохтору мақомоти дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Дар анҷом ҷавонони фаъолу лаёқатманд, ғолибони озмунҳо ва варзишгарони шуҳратёр дар вазъи ботантана бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардида, ба 25 нафар муҳассилини беҳтарин Стипендияи Раиси шаҳр супорида шуд.

Хабарҳои нав