Мактаби байналмилалии Ориён

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мегиранд. Тибқи нақшаи омодагиҳои ҳамаҷониба бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 450 иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии наздик 1 миллиард сомонӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо пешбинӣ шуда, сохтмон, таъмиру навсозии 124 иншоот дар соли 2020 анҷом меёбанд. Дар корҳои бунёдкорӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеа саҳмгузорӣ менамоянд ва боиси қаноатмандист, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Яке аз ин тадбирҳои ҷашнӣ оғози сохтмони бинои мактаби хусусии байналмилалии «Ориён» мебошад, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба ҷашни бузурги милливу давлатиамон, бо ташаббусу иқдоми соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Ӯлмасовҳо сурат мегирад. Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд мешавад. Саҳмгузории соҳибкорони бонангу номус дар бунёди муассисаҳои таълимӣ гувоҳи он аст, ки соҳибкорон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Ҳукумати кишвар барои беҳтар гардидани вазъи таълиму тарбия нақши назаррас мегузоранд. Ин силсилаиншооти мӯҳташами таълимӣ барои 1600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 4 бино – бинои маъмурӣ, ду бино бо 40 синфхонаи таълимӣ, утоқҳои фаннӣ, ошхона, ҳавзи шиноварӣ ва дигар инфрасохтори муосири таълимӣ иборат мебошад. Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори алоҳидаи барҳавову муосири варзишӣ сохта мешавад. Барои дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ бошад, дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ бунёди толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Чун дар ин мактаби замонавӣ аз дигар минтақаҳои кишвар низ толибилмон ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд,дар ин ҷо барои 200 нафар хобгоҳ низ бунёд мегардад. Лоиҳаи иншооти бинои нави таълимӣ аз ҷониби меъморони КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара таҳия гардида, буҷаи лоиҳавӣ 30 миллион сомониро ташкил медиҳад. Алҳол корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Академия контакт интернешнл Исфара” бо сифати ба талаботи меъёрҳои меъморӣ ҷавобгӯй босуръат пеш мебарад. Ба корҳои сохтмонӣ беш аз 60 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардида, имрӯзҳо дар ошёнаи дуюми бинои муассиса корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ҷараён доранд. Тибқи нақша корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли 2021 ба охир расонида шуда, таълимгоҳ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Сохтмончиён тасмим доранд, ки аз масолеҳи хушсифати сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ истифода намуда, дар муҳлати муайяншуда иншоотро ба истифода супоранд. Бунёди ин мактаб идомаи иқдомҳои созандагӣ дар соҳаи маориф буда, бо саъю ташаббус ва маблағгузории соҳибкорон ва ҳам аҳолӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара айни замон сохтмони 18 синфхонаҳои иловагӣ сурат мегиранд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав