Иҷлосияи 4-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр

Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҳамчунин муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоати шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умуми маҳаллӣ ширкат доштанд. Пас аз садо додани суруди миллӣ раиси маҷлис, раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ба кори иҷлосия ҳусни оғоз бахшид. Вакилон рӯзномаи кори иҷлосия ва ҳайати котиботи онро тасдиқ намуданд. Нахуст аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома «Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 31 октябри соли 2009, №600 «Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар солҳои 2010-2020» гузориши муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён шунида шуд. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавононро вакил аз ҳавзаи интихоботии «Себзор», №7 Ҳакима Атохонова пешниҳод намуд. Сипас, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Сари Осиё» №5 Икром Бобоев дар назди вакилон аз рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот дод. Дар идомаи иҷлосия вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аз ҳавзаи интихоботии “Баланд” №26 , раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Суруриддин Зиёваддинзода вобаста ба масъалаи иҷрои ваколатҳои вакилӣ, саҳми вакилон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва пешбурди корҳои ободонӣ суханронӣ намуд. Минбаъд аз ҷониби вакилон масъала «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аз ҳавзаи интихоботии “Маҳмудҷон Воҳидов” №6 Орифзода Манучеҳр” мавриди баррасӣ қарор ёфта, ҳамчунин санаи баргузории интихоботи миёнадаврӣ ва ҳайати комиссияи шаҳрии интихоботӣ тасдиқ карда шуд. Пас аз муҳокимаи масъала дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2018-2020” вакилон доир ба ин ва дигар масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карданд. Вакилон ҳамзамон як қатор қарорҳои раиси шаҳрро низ тасдиқ намуданд. Дар кори иҷлосия муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода иштирок ва баромад намуд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав