Рафти омодагӣ дар участкаи интихоботии №2

Пас аз чанд рӯз дар кишварамон маъракаи муҳимми сиёсӣ–интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Интихобот худ падидаи демократӣ, воқеаи муҳимми сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи давлатамонро муайян мекунад. Баҳри дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон баргузорнамоии ин чорабинии сиёсӣ дар шаҳри Исфара тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар шаҳру деҳоти Исфара як ҳавза ва 83 участкаҳои интихоботӣ ташкил ва ҳамаи онҳо бо лавозимоту маводи зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд. Аз ҷумла имрӯзҳо дар участкаи интихоботии рақами 2, ки дар БМШ ҷойгир шудааст, корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани интихоботи дарпешистода идома дошта, бо аҳолӣ оид ба иштироки фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Бинои участкаи интихоботӣ мутобиқи талабот ҷиҳозонида шуда, бо маводу таҳизоти зарурии коммуникатсионӣ таъмин гардидааст. Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки участкаи интихоботӣ бо қуттиҳои овоздиҳӣ таъмин буда, барои хизматрасонии тиббӣ, модароне, ки фарзанди хурдсол доранд, афроди имконияташ маҳдуд ва нозирони минтақавию байналмилалӣ низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Тибқи дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги сиёсии интихобкунандагон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҳандозӣ мегарданд. Ба мақсади ширкати фаъоли раъйдиҳандагон ва иттилои бештар дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохилу беруни бинои участкаи интихоботӣ шиору овезаҳо насб шуданд. Котиби участкаи интихоботӣ Саидахон Улмасова мегӯяд, ки мутобиқ ба маълумоти бақайдгирӣ, дар ин ҷо иштироки зиёда аз 650 нафар овоздиҳандагони эҳтимолӣ дар назар аст.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан