Паёми табрикотии Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз соли 2010-ум ҳамасола рӯзи 5-уми октябр рӯзи забони давлатӣ ба ҳайси иди миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ба ифтихори ҷашни мубораки умумимиллӣ – Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон, ки яке аз падидаҳои таърихии замони соҳибистиқлоли кишвар мебошад, ҳамдиёрони арҷмандро самимонаву сидқан муборакбод мегӯем. Забон ҷавҳари ҳастии миллат маҳсуб ёфта, бино бар таъкидоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - “Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Мо бояд забони давлатиамонро мисли оинаи поку пурҷило нигоҳ дорем ва онро аз ҳар гуна олоишу омехтагиҳои нозаруру ғайриматлуб ҳифз намоем”. Яъне, забони модарӣ сарчашмаи ифтихори аҳли миллат ва пояи устувори давлатдорӣ буда, онро ҳамеша азизу гиромӣ ва поку беолоиш доштан як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номус аст. Имрӯз мо дар давроне зиндагӣ мекунем, ки эҳёи дубораи Ватани муқаддас ва забони модарии худро бо чашми худ мебинем. Воқеан мо хушбахттарин инсонҳо ҳастем, ки дидани ин бахт - ба вуқӯъ пайвастани ормони ҳазорсолаи миллатамон насиби мо гардидааст. Ормоне, ки асрҳои аср халқи ҷабрдидаи мо, бузургони илму адаби мо дар орзуяш буданд. Ба маънии дигар, забони тоҷикӣ дар симои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон пушту паноҳи худро ёфт ва дар симои дурахшони фарзанди барӯмандаш - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомии худро пайдо намуд. Маҳз бо ғамхории ин шахсияти миллатдӯсту фарҳангпарвар забони тоҷикӣ маҳбубияти бештаре касб кард ва ба ҳайси забони давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Дар замони мо забон ҳамон мақоми таърихиеро соҳиб гардид, ки дар давраи давлатдории Сомониён касб карда буд. Агар Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигар аҳли илму адаб забони моро аз омезишёфтан бо тамаддуни арабӣ раҳоӣ бахшида бошанд, агар дар ибтидоиқарни ХХ Устод Садриддин Айнӣ забони ниёгонамонро аз ҳуҷуми пантуркистон ҳифз карда бошанд, пас фарзанди асили миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари наҷоти мардум аз гирдоби фалокатбори ҳодисаҳои солҳои навадум забони тоҷикиро низ аз вартаи нестӣ раҳо карданд. Маҳз бо шарофати ташаббускориҳои Пешвои муаззами миллат заминаҳои бунёдии роҳи ташаккули сиёсати забонгузошташуда, стратегияи давлатӣ оид ба забони миллию давлатӣ мавриди амал қарор дода, силсилаи чорабиниҳои давлатӣ оид ба таҳкими пояҳои иҷтимоӣ ва рушди забон ташкилу баргузор карда шуданд. Бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълоншуда, бо назардошти меъёрҳои давлати соҳибихтиёр рӯзи 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бо иқдоми Пешвои миллат «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» дигарбора ва бо теъдоди зиёд ба табърасид. Боиси сарфарозии мо аст, ки забони тоҷикӣ ба сифати яке аз забонҳои ширину шоирона ва ноби дунё аз ҷониби бузургтарин шарқшиносони ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Мо имрӯз ифтихорманд ҳастем, ки забони давлатиамон ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дошта, муҳимтарин санаду қарордодҳои байнидавлатӣ бо забони тоҷикӣ ба тасвиб мерасанд. Метавон гуфт, миллати тоҷик баъди салтанати Сомониён беш аз ҳазор сол давлатдор набуд, вале забон дошт ва ҳифзи ин омили муҳим имкон дод, ки миллати тоҷик дар дарозои таърих зинда монад, рушд намояд ва дар натиҷаи ба вуҷуд омадани шароити мусоиди таърихӣ дубора эҳё шавад. Тавре устод Бозор Собир дар шеъри “Хуни қалам” гуфтааст: Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст. То забондорад, ватандораст ӯ, То забондораст, бисёраст ӯ… Бинобар ин, мо бояд забони давлатиамонро мисли оинаи поку пурҷило нигоҳ дорем ва онро ҳифз намоем. Хоҳони онем, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии давлатдории миллӣ ва чун рамзи иттиҳоди воқеии мардуми сарбаланди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша устувору поянда бошад. Рӯзи гиромидошти забони давлатӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!

Коментарияҳо

Коментария гузоштан