Исфара. Эҳсоси ватандӯстии ҷавонон пайваста боло меравад.

Рӯзи 19-уми сентябри соли 2020 дар майдони Исмоили Сомонии маркази шаҳри Исфара ҳамоише бо ширкати 200 нафар даъватшавандагоне, ки бо амри дилу виҷдон омодаи хизмати ҳарбӣ ва ҳимояти Ватан ҳастанд, баргузор гардид. Арзи сипоси раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳимро ба унвонии ҷавонмардони асили диёр ва волидайни онҳо муовини раиси шаҳр Оятулло Раҳматзода баён намуд. Тавре мавсуф изҳор дошт, раванди омодагӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Исфара бозгӯӣ аз он дорад, ки воқеан ҳам, сол ба сол сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ рӯ ба афзоиш дорад. Дар арафаи оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо амри дилу виҷдон, бо хоҳиши хеш ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудан ва аллакай барои сафарбарнамоӣ омода гардидани 200 нафар ҷавонони баору номуси шаҳр барҳақ шоистаи таҳсину офаринҳо мебошад. Зимнан, зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои ҷавонписароне, ки хизмати ҳарбиро бо амри дил ихтиёр кардаанд, як қатор имтиёзҳо ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла, тибқи қарори раиси шаҳр аз ҷумлаи даъватшудагон 80 нафар дар Филиали муассисаи муттаҳидаи техникии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ройгон таҳсил намуда, ба гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ мушарраф гардиданд. Муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён низ ба падару модарони баору номус ва далеру шуҷои Исфара миннатдорӣ баён ва изҳори боварӣ аз он намуд, ки дигар ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара низ аз шумо дарсу сабақи ҷавонмардӣ гирифта, ҳамчунон барои адои ӯҳдадории шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандию имониашон камари мардӣ мебанданд ва саривақту ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир мешаванд. Дар раванди чорабинӣ ба раиси ҷамоати шаҳраки Нафтобод Маҳина Ишанова Мактуби миннатдории Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо барои тарбияи хуби фарзандаш, хизматчии ҳарбӣ Умаров Абдулазизхон Ғафурҷонович ва ҳам ба волидайни як гурӯҳ ҷавонмардони асили Исфара барои хизмати содиқонаи фарзандонашон дар вазъи ботантана Сипосномаҳо супорида шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарияту масъулини комиссариати ҳарбӣ, аъзои Комиссияи шаҳрии даъватӣ ва ҷавонони фаъоли шаҳр ширкат доштанд. Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав