ТАБЛИҒОТ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Бо мақсади шаффофу демократӣ ва дар сатҳи шоиста баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти гурӯҳҳои таблиғии Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, зиёиён, занон, ҷавонон, Шӯрои собиқадорон, зеҳн, афкор дар маҷлисгоҳи “Насими Исфара” ҷаласаи ситоди КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара оид ба интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруридин Зиёвадинзода дар бораи густариши фаъолияти аъзои гурӯҳҳои тарғибӣ, тарзу услубҳои нави корбарӣ бо электоратҳо изҳори андеша кард. Аъзои фаъоли раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Мадина Бобоиён ва мушовири раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов оиди ҳадаф ва мақсадҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентӣ аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти саҳеҳ пешниҳод карданд. Аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Абдумуталиб Шарипов вазифаҳои таблиғотчиёнро вобаста ба инъикоси маракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгирӣ дар ҳимояи фазои иттилоотии кишвар муайяну мушаххас намуд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав