Омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ

Барои дар сатҳи баланд ва муташаккилона баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара як ҳавза ва 83 участкаҳои интихоботӣ ташкил ва ҳамаи онҳо бо лавозимоту маводи зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳавзаи интихоботии Исфара, №27» ташкил гардида, тибқи маълумоти оморӣ, шумораи пешакии интихобкунандагони ин ҳавза 162 105 нафарро ташкил медиҳад, ки 4307 нафари онҳо бори аввал овоз хоҳанд дод. Баҳри дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон баргузорнамоии ин чорабинии сиёсӣ дар шаҳри Исфара тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ҳавзаи Интихоботии «Исфара» рақами 27 корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани интихоботи дарпешистода идома дошта, бо аҳолӣ оид ба иштироки фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Бинои участкаҳои интихоботӣ мутобиқи талабот ҷиҳозонида шудаву то ин замон рӯйхати интихобкунандагон тартиб дода шуда, ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо ҳуҷра ва қуттиҳои махсус, хонаҳои модару кӯдак, ёрии тиббӣ, утоқи кории комиссияи интихоботӣ, навиштаҷотҳо, пантусҳо, ҷевони оҳанин, нишонаҳои сари роҳӣ, мизу курсӣ ва дастуру ҳуҷчатҳои лозимӣ таъминанд. Ҳамчунин барои афроди имконияташ маҳдуд ва нозирони минтақавию байналмилалӣ низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Тибқи дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги сиёсии интихобкунандагон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҳандозӣ мегарданд. Дар ин радиф вобаста ба баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаи интихоботӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои иттилоотӣ ва даъваткунанда насб карда шудаанд. Сокинони шаҳру деҳоти Исфара итминони комил доранд, ки интихоботи дар пешистода ба омили муҳими муттаҳидсозии тоҷикистониён, таҳкими ҳарчи бештари ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар мамлакат мубаддал хоҳад ёфт

Коментарияҳо

kvysemwyp

Омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ kvysemwyp http://www.g5vz4dr49385xqe5v71d88ei5jqf094ss.org/ [url=http://www.g5vz4dr49385xqe5v71d88ei5jqf094ss.org/]ukvysemwyp[/url] akvysemwyp

2020-10-30 14:51:26

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав