ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНУ АЗНАВСОЗИИ 3 ИНШООТИ МУҲИМИ ИҶТИМОӢ ДАР ВОРУХ БО МАБЛАҒГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ

Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим 2-юми августи соли 2020 зимни сафари кории худ ба ҷамоати деҳоти Ворух бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагӣ рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои иҷтимоии дар ин деҳоти дурдасти наздисарҳадӣ бунёдшавандаро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дод. Тавре аён гардид, корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии таълимӣ дар МТМУ№23 барои 240 ҷойи нишаст, бо арзиши лоиҳавии 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ асосан ба анҷом расида, айни замон муҷаҳҳазгардонии иншоот ва ободу зебо гардонидани ҳудуди он ҷараён дорад. Акрам Сулаймонзода ҳамзамон масъалаҳои омодагии муассисаи таълимиро ба соли нави таҳсил мавриди санҷиш қарор дода, баъд аз боздиди китобхонаи мактаб ҷиҳати беҳбуд бахшидани ҳолати он ва ғанигардонии хазинаи китобӣ бо адабиёти тозанашр ба масъулин дастурҳои мушаххас дод. Мавриди зикр аст, ки айни замон тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонии мактаби наву замонавӣ дар маҳаллаи наздимарзии Сангтӯдаи деҳоти Ворух, ки аз 3 ошёна ва 12 синфхона иборат буда, барои таҳсили 720 нафар дар ду баст пешбинӣ гардида, арзиши лоиҳавии он 8 млн. 240 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тибқи нақша идома дорад. Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни сафари кориаш ҳамзамон бо омӯзиши вазъи омодагии муассисаи таълимӣ ба соли нави таҳсил бо ҳолати корҳои азнавсозии Қасри фарҳанги ҷамоат, ки низ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ дар ҳаҷми 12 млн. сомонӣ навсозӣ мегардад, аз наздик шинос шуд. Воқеан ҳам азнавсозии қасри фарҳанги Ворух, ки дорои 650 ҷойи нишаст буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он бунёди толори ақди никоҳ, китобхона, утоқҳо барои маҳфилҳои мухталиф ва кошонаи ҳусн ба нақша гирифта шудааст, ба рушди фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат хоҳад кард. Раиси шаҳр ҳамчунон масъалаи вусъат бахшидани корҳои сохтмонию ободониро дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯбарӯи қасри фарҳанг бунёд хоҳад гашт, мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба тақвияти амалҳои созандагӣ масъулин ва фаъолонро вазифадор намуд. Тибқи дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Пешвои миллат ва бо иқдому дастгириҳои раиси вилояти Суғд мо бояд, ки муҳимтарин муаммоҳои иҷтимоии деҳоти наздисарҳадии Ворухро ҳал намоем, мушкилоти мардумашро осон кунем ва Ворухи зебоманзарро ба яке аз деҳоти ободу зебо ва пешрафта табдил диҳем, - изҳор дошт шаҳрдори Исфара Акрам Сулаймонзода.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав