Ташрифи меҳмонон аз Кореяи Ҷанубӣ ба Исфара

Намояндагони ширкати “GIOS”-и Кореяи Ҷанубӣ дар ҳайати директори генералии ширкат Синг Ванг Парг, ҷонишини директор Ёнг Хи Пак, координатори лоиҳа Ки Сунг Ли, масъул оид ба содироти логистикӣ Ин Санг Ҷонг дар роҳбаладии директори Агентии содироти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ба шаҳри Исфара ташриф оварданд. Меҳмонон нахуст аз корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушки «Исфара Фуд», «Баракат Исфара», «Субҳи Ватан» ва Комбинати консервбарорӣ дидан ба амал оварда, бо вазъи фаъолияти онҳо аз наздик ошно шуданд. Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо баробари хайрамақдам гуфтани меҳмонон, зикр намуд, ки дар шаҳри Исфара бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллū 12 корхонаҳои коркард ва бандубасти меваи хушк ва 5 корхонаҳои консервабарорӣ фаъолият доранд. Ҷойизи зикр аст, ки соли сипаригашта дар шаҳри Исфара ба миқдори 3 миллиону 612,4 ҳазор қутии шартū консерваҳои мевагиҳо истеҳсол карда шуда буд. Кишоварзону боғдорон ва аҳли меҳнати корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара ният доранд, ки нишондодҳои истеҳсолии худро соли равон боз ҳам зиёдтар намоянд, ки воқеан ҳам фаровонии ҳосил ва коркарди он мутобиқ ба талаботи бозор, барои баланд бардоштани потенсиали содиротū дар шаҳри Исфара омили муҳим маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни сафари корӣ меҳмонон бо роҳу усулҳои банду баст ва хушк кардани меваҷот ошноӣ пайдо намуда, ҳамзамон масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо, аз ҷумла содироти намудҳои меваи хушкро ба Кореяи Ҷанубӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав