Боздиди раиси шаҳр аз деҳаи Чоркуҳ

Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз иншооту мавзеъҳои таъмиру азнавсозишаванда боздид намуда, ҳамзамон бо вазъи иҷтимоии маҳал шинос шуд. Акрам Сулаймонзода нахуст ба манзили чанде аз сокинони деҳаи Чоркӯҳ рафта бо ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи маводи ғизоӣ ба зимистон шинос шуд. Ҳадафи боздиди шаҳрдор омӯзиши вазъу ҳолати воқеии истифодаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ, заминҳои президентӣ ва ҳамзамон тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо, истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила буд. Бояд гуфт, ки сокинони деҳа дар самти истифодаи самараноки обу замин, рушди соҳаи боғпарварӣ ва афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ фаъолияти пурсамар доранд ва дар таъмину таҳкими истиқлолияти озуқавориии мамлакат ҳиссаи шоён мегузоранд. Алҳол дар майдонҳои баъди ҷамъоварии ҳосил холишудаи хоҷагиҳои деҳқонӣ раванди кишти такрории зироатҳо бомаром идома дошта, деҳқонон ният доранд ҳарчӣ зудтар кишти такрории зироатҳоро ба анҷом расонанд. Баъдан, Акрам Сулаймонзода ҷараёни омодагии муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Чоркуҳро ба соли нави хониш ва мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди корҳои омодагӣ ба соли хониши нав дар ҳамаи 12 муассисаҳои маорифи деҳоти Чоркуҳ таъмири ҷории биною иншоотҳо асосан ба охир расонида шуда, ҳамзамон дар муассисаҳои таълимӣ ба масъалаи тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ низ таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад. Аз ҷумла зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58 омӯзгорон бо қаноатмандӣ ва сипосмандӣ ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки бо иқдомоти созандаю бунёдкоронаи соҳибкор, вакили Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Исфара Савриддин Раҷабов таъмиру азнавсозии иншооти мактаб бо харҷи беш аз 45 ҳазор сомонӣ маблағ бо истифода аз пасандози худи соҳибкор ва ҳам саҳмгузории аъзои кумитаи падару модарони толибилмони мактаб анчом дода шуд. Дар рафти суҳбат бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ қайд карда шуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар сол аз сол рушд намуда, барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат давоми чанд соли охир хатмкунадагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар тавассути Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳу донишкадаҳо бе ягон монеа дохил шуда истодаанд. Сипас, Акрам Сулаймонзода бо мақсади шиносоū бо вазъи бартарафнамоии оқибатҳои офати табиии санаи 14 июли соли равон рухдода аз маҳаллаҳои Лангар ва Хелесони деҳа дидан намуда, бо сокинон сӯҳбатҳои самимū анҷом дод. Раиси шаҳр зимни суҳбат бо аҳолии осебдидаи маҳаллаҳои номбурда изҳор намуд, ки дар ҳолатҳои тангдастию душворӣ ҳамдигарро хабар гирифтан ва дасти кӯмак дароз кардан аз одатҳои неки мардуми тоҷик маҳсуб меёбад. Тавре ба раиси шаҳр итттилоъ доданд, имрӯзҳо бо мақсади роҳандозии корҳои тоза ва барқароркунии селроҳаи деҳа ҳашари умумихалқӣ ташкил карда шудааст, ки дар раванди он садҳо нафар сокинони деҳа ширкати фаъолона доранд. Шаҳрдори Исфара ҳамчунин бо раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташавандаи Маркази хизматрасонӣ, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд карда мешавад, шинос шуда, бобати анҷоми босифати корҳои сохтмониву ободонū ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар ҷараёни сафари корӣ ва суҳбату мулоқотҳо Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода аз сокинони деҳоти Чоркӯҳ даъват ба амал овард, то ҳар яке бо роҳандозии амалҳои нек ва созандаю бунёдкорона ба ободонию пешрафти диёр саҳмгузор бошанд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан