Ҷамъбасти озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ»

Дар шаҳри Исфара даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд. Сароғоз меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз намоиши китобҳо, ки аз тарафи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва китобхонаи марказии шаҳр ороста гузошта шуда буд, дидан намуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара тибқи қарори Раиси шаҳр бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар сурат мегирад. Дар озмун довталабони синну соли гуногун маҳорати хешро аз рӯйи номиннатсияи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ҳайати доварон манзур дошта, аз осори адибони классики тоҷик, осори адибони муосири тоҷик, осори адабиёти ҷаҳон ва аз ашъори бачагона шеъру ғазалҳои азёдкарда, асарҳои хонда ва шеърҳои тозаэъҷодашонро қироат намуданд. Дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик Гулҷаҳон Икромова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик Зайнуриддин Заҳайризода, дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик Фотима Деҳқонова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон Шаҳнавоз Акрамова ва дар бахши шоирӣ Абдураҳмон Авезов бо хулосаи ҳайати ҳакамон сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд. Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён, сардори Раёсати маорифи шаҳр Бобохон Саидзода, мушовири маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Абдувосит Салимзода бо баробари муборакбодии ғолибон озмун, таъкид доштанд, ки «Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба хондан, таҳкими фарҳанг, рушди тавонмандии эҷодӣ, тақвияти эҳсоси худшиносӣ ва ғанигардонии ҷаҳони маънавии аҳолӣ мебошад. Аъзои ҳакамон бо изҳори қаноатмандӣ аз лаёқат ва дониши довталабон ба сатҳи ташкили озмун баҳои баланд доданд. Ҳамаи ғолибони даври шаҳрии озмун барои иштирок дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан