СОДИРОТИ 8901 ТОННА МОЛУ МАҲСУЛОТ БА ХОРИҶИ КИШВАР

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он раиси шаҳр, муовинон, роҳбарони ташкилоту сохторҳои шаҳрӣ ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Дар оғоз раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода аз бурду бохти соҳаҳои мухталифи шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумот дод. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 173,2 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 95,9 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои корхонаҳои дар қайди оморбуда нисбатан беҳтар буда, дар ин давра ба андозаи 68,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки ба 98,1 фоизи нишондиҳандаи нимсолаи якуми соли сипаришуда баробар аст. Дар ин давра 31 ва ё 60,8 фоизи корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли маҳсулотро дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намуда, мутаассифона, 14 ва ё 27,5 фоизи корхонаҳо ба коҳишёбии истеҳсолот роҳ доданд. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда шаш корхонаи саноатӣ – ҷамъиятҳои саҳҳомии «Комбинати консервабарорӣ», «Филиз», ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди «Ороиш», «Исфарагурупп», «Кӯлканд» ва «Асрор Х» фаъолият надоштанд. Дар натинаи ин ва тақвият бахашдани ҳамкорӣ бо соҳибкорони инфиродӣ содироти меваи хушк ба хориҷи кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1660 тонна афзоиш ёфта, ба 6107 тонна баробар гардид. Дар умум, тибқи маълумоти оморӣ дар шаш моҳи сипаришуда ба хориҷи кишшвар 8901 тонна молу маҳсулот ба маблағи 8 миллиону 901 ҳазор доллари амрикоӣ содирот гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 784 ҳазор доллар кам мебошад. Тибқи иттилои раиси шаҳр соли ҷорӣ сохтмон ва ба истифода додани ҳафт корхонаю коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 101 ҷойи кории нав ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби сармояи фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳри Магнитагорски Федератсияи Россия корхонаи истеҳсоли пойафзол - ҶДММ «Исфара Саманд» бо 30 ҷойи корӣ, коргоҳҳои коркарди сангҳои ороишӣ дар ҶДММ «Нурбахт» бо шаш ҷойи корӣ ва дӯзандагии соҳибкор Муҳаррам Қурбонова бо даҳ ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 125,8 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 101,6 фоиз таъмин гардид. Тибқи маълумоти оморӣ кишти зироатҳои баҳорӣ дар сектори ҷамъиятӣ дар майдони 4425,4 гектар гузаронида шудааст, ки аз он зироати картошка - 1075,4 гектар, шолӣ - 252 гектар, ҷуворимакка (барои дон) - 603,7 гектар, офтобпараст - 559,7 гектар, карам - 20,4 гектар, сабзӣ - 61,1 гектар, помидор - 387,5 гектар, дигар сабзавот -18,8 гектар, полезиҳо - 29,4 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 1493,5 гектарро ташкил медиҳад. Мувофиқи структураи кишти зироатҳои ғалладонагиҳо майдони кишти тирамоҳӣ 803 гектарро ташкил дода, ба санаи 14 -уми июли соли равон дар майдони 566 гектар дарав сурат гирифтаасг. То ба имрӯз 7641 тонна ғалла ҷамъоварӣ шуд, ки 2545 тоннаи он гандум мебошад. Сипас, намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ – нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Ҳақиқати Суғд», «Насими Исфара», «Имрӯз», «Ганҷи Исфара», «Хазинаи Маърифат», «Суғдниюс», шабакаи телевизионии «Сафина» ба саволу пурсишҳои худ вобаста ба бурду бохти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мавҷуда, раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, таъминоти аҳолии шаҳру деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ, вазъи минтақаҳои наздисарҳадӣ, раванди барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ, нақшаву ниятҳои минбаъдаи созандаю ободкоронаи роҳбарияти шаҳр ва амсоли ин посухҳои мушаххас гирифтанд. Нодир ТУРСУНЗОДА, «Ҳақиқати Суғд»

Коментарияҳо

Коментария гузоштан