Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Исфара

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Исфара, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус COVID – 19 Акрам Сулаймонзода ба ҷамоатҳои наздисарҳадии Кӯлканд, Чилгазӣ, Лаккон ва дигар минтақаҳои шаҳр ташриф оварда бо вазъи корҳо дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» аз наздик шинос шуд. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти посгоҳҳои санитарӣ, ташкили кори гуруҳхои таблиғотӣ, раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ раиси Ситоди шаҳрӣ ба масъулини соҳаи тандурустӣ, хадамоти марзбонӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳо, ки ӯро ҳамроҳӣ доштанд, бобати андешидани тадбирҳои зарурӣ оид пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи ногувори мавҷи дуюми бемории сироятӣ дар кишварҳои ҳамсоя зарурати боз ҳам тақвият бахшидани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ, хоса ба таври густурда роҳандозӣ намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ пеш омадааст. Ҳамзамон, ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ сокинони шаҳр, хоса мавзеъҳои наздисарҳадиро зарур аст, ки то ба эътидол омадани вазъ аз рафтуомад ба кишвари ҳамсоя худдорӣ намуда, қоидаҳои беҳдоштӣ ва тавсияҳои табибонро бобати истифодаи ниқобҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ қатъиян риоя намоянд. Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳою фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум корҳои ташвиқотиро барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ пурзӯр намуда, гаштугузор, баромадан аз хона бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гарданд, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ сабаби паҳншавии беморӣ мегардад. Дар ҷараёни боздид Акрам Сулаймонзода ҳамчунин бо вазъи фаъолияти посгоҳҳои санитарӣ, ки дар як қатор мавзеҳои шаҳр ташкил карда шудаанду рафтуои мусофирон ва мошинҳоро танзим мекунанд, шиносоӣ пайдо намуда, баҳри андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дастуру маслиҳатҳо дод.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан