Маҷлиси фаъолони шаҳр

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати Раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода ва бо ҳузури муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 6 моҳи сипаригаштаи соли 2020 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дод. Сароғоз оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми нимсолаи аввали соли 2020 муовини Раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода гузориш пеш овард. Тавре гуфта шуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳамаи тадбирҳоро ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сафарбар намуда, пешравии нишондиҳандаҳои асосиро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин намуд. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,1% иҷро шуда, ба буҷет 61 млн. 189 ҳазор сомонӣ ва ё 63,2 ҳазор сомонӣ барзиёд маблағ ворид гардид. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 95% иҷро шуда, ба буҷет 35,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 1,86 млн. сомонӣ кам мебошад. Ба хазинаи андози иҷтимоӣ 24 586 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи муайяншуда 1 млн 321 ҳазор сомонӣ кам ва ё ба андозаи 95% иҷро гардид. Аз 11 намуди сарчашмаҳои андозбандӣ 7 намуди он – низоми махсуси андозбандӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз молу мулки ғайриманқул, боҷи давлатӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, иҷро нашуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 4,4 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид. Дар давраи ҳисоботи маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 173,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки ба 95,9%-и ҳамин давраи соли гузашта баробар аст. Нишондиҳандаҳои корхонаҳои саноатии дар қайди оморбуда нисбатан беҳтар буда, ба маблағи 68,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, рушди он 98,1% таъмин карда шуд. Дар ин давра 31 корхонаҳои саноатӣ суръати афзоишро нисбат ба соли гузашта зиёд намуданд ва дар 14 корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт. Мавриди зикр аст, ки корхонаҳои коркарди маҳсулоти консервагӣ, коркард ва банду басти меваи хушк фаъолияти худро вусъат бахшида, ба иҷрои барзиёди нақшаҳои истеҳсолӣ муваффақ шуданд. Дар 6 моҳи соли равон кишоварзони шаҳр барои рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 125.832,7 ҳаз. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 101,6 фоиз таъмин гардид. Боғдорони шаҳр соли равон ба ҷойи 30 гектари нақша аз ҳисоби заминҳои талу теппа 53,4 гектар боғи нав бунёд ва 130 гектар боғҳои куҳнаву бесамарро аз нав барқарор карданд. Дар раванди ҷаласа Раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, таъмини рушд ва кам кардани бақияи қарзҳо, кишти саривақтии зироатҳо, зиёд намудани майдони кишти такрорӣ, ҷамъоварии саривақти маблағи истифодаи барқ ва об, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва тақвияти корҳои тарғиботӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус, вусъати омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин ҷиддан муаззаф намуд. Дар назди фаъолони Исфара муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ баромад намуда, вобаста ба паҳлўҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда, андешаҳояшро иброз дошт. Ӯ аз ҷумла таъкид дошт, ки дар бархе кишварҳои ҳамсоя хурӯҷи нави коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва вазъи мавҷуда тақозо дорад, ки баҳри пешгирии интиқолу паҳншавии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ пурзӯр карда шаванд. Шаҳрвандон низ бояд ба ин масъала беаҳмиятӣ зоҳир накарда, тамоми қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ ва тавсияи табибонро риоя намуда, худ ва атрофиёнро аз гирифторӣ ба беморӣ ҳифз намоянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан