Машварати корӣ

Дар толори маҷлисҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо ширкати муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, сарварони корхонаю муассисаҳо ва дигар масъулини соҳа машварати корӣ баргузор гардид. Нахуст раиси шаҳр таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ва фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд баён доштанд, ҷалб намуд. Ӯ аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат тамоми соҳаҳо ва паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоятро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам суръат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд. Дар ин раванд Роҳбари давлат аз паҳншавии бемории нави коронавирус, паёмадҳои манфии он ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони вилояти Суғд ва чораҳои фаврӣ ва саривақтии аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар андешида шуда ёдовар шуданд. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии КОВИД-19 ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи иқдомоти Ҳукумати мамлакат мебошад, ки ба дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, махсусан гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ нигаронида шуда аст. Дар идомаи машварати корӣ ҳамчунин масъалаи вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии нави короновирус баррасӣ гардида, гузоришҳои сардухтури БМШ Тайибиддин Муҳаммедов ва сардори Марказаи назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр Муҳиддин Назаров шунида шуд. Таъкид шуд, ки роҳи асосии пешгирӣ ва гирифтор нашудан ба коронавирус риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва эҳтиёткорӣ аз ҷониби худи шаҳрвандон мебошад. Вақте ки чораҳои худэҳтиёткунии мардум, яъне бастани ниқоб ва тоза собуншӯ кардани дасту рӯ ва дигар чораҳо андешида шуданд, ҳолати гирифториҳо ба ин бемории хатарнок кам мегардад. Ҳамзамон тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби раисони ҷамоату маҳаллаҳо, фаъолон, ҷавонон таъкид гардид. Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки беҳдошти гигиениро дар ҷойҳои кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кўчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намуда, дар самти пешгириву пурра аз байн бурдани бемории сироятии коронавирус фаъолиятро ҷоннок намоянд. Минбаъд шаҳрдори Исфара кадрҳои тозатаъинро дар сохторҳои МИҲД-и шаҳр муаррифӣ намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият бурдбориву комгориҳо таманно намуд. Бояд гуфт, ки бо амри Раиси шаҳр Муҷибахон Ҷавҳарӣ мудири бахши фарҳанг ва Шоира Юлдошева мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр таъин гардиданд. Дар фарҷом масъулин вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, таъмини рушд ва кам кардани бақияи қарзҳо, кишти саривақтии зироатҳо, зиёд намудани майдони кишти сабзавот, тақвияти корҳои тарғиботӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус, омодагии муассисаҳои таълимии шаҳр ба соли нави хониш ва мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, вусъати омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин ҷиддан тадбирандешӣ намоянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан