Вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ

Дар шаҳру деҳоти Исфара вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус — COVID-19, иҷрои қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла истифодаи ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва бе зарурат аз хона набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Бо ин мақсад дар асоси дастури Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишӣ ва огоҳикунанда гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кормандони ШВКД-1 ҶТ дар шаҳри Исфара ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ — дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои хизматрасонӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус — COVID-19 ва истифодаи ниқобҳои яккарата, инчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ муташаккилона корбарӣ менамоянд. Гуруҳи эҷодии Телевизиони Исфара низ дар ҳайати яке аз гурӯҳҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ, ки аз ҳисоби кормандони соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ ва ШВКД-1 ташкил шуда буд, ба маҳаллҳои сернуфуз ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон сафарбар гардид. Дар рӯзи аввали кори гурӯҳҳои фаҳмондадиҳӣ дар Бозори марказӣ ва марказҳои савдои гирду атрофи он, истгоҳи марказии нақлиётҳои мусофирбар ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр мушоҳида намудем, ки намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа дар ин мавзеъҳо бе ниқобҳои яккарата гаштугузор мекарданд. Дар баробари ин, бо вуҷуди таъкиду огоҳкуниҳои мунтазам, ҳолатҳои зиёди беназорат гаштугузор намудани ноболиғон дар бозору кӯчаҳо ба назар мерасад, ки хеле ташвировар аст. Гузашта аз ин, шаҳрвандоне низ мушоҳида шуданд, ки ба ҳифзи саломатии худ ва фарзандонашон бепарвоӣ зоҳир намуда, бо ҳамроҳии кӯдакони хурдсоли худ дар ҷойҳои серодам бе ниқоб гаштугузор намуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекарданд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби аъзои гурӯҳ ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти ҳамагири коронавирус — COVID-19 корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, ба онҳо оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморон дар шароити хона ва дигар масъалаҳои марбут ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус — COVID-19 маслиҳатҳои муфид дода шуд. Зимни амалӣ кардани чорабиниҳои якҷояи фаҳмондадиҳӣ рӯзи дуюми фаъолият низ мушоҳида гардид, ки дар баъзе боғу гулгашт ва маҳаллаҳои истиқоматӣ, дар кӯчаю бозор, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон одитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла масофаи иҷтимоиро риоя накарда, ҳамзамон аз ниқоби тиббӣ истифода намебаранд. Ин ҳама муқаррарот ва тавсияи мутахассисони соҳа танҳо барои эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз ҳамагонро зарур аст, ки қоидаҳои тавсияшударо ба таври қатъӣ риоя намоянд. Кормандони милитсия ва дигар аъзои гуруҳи тарғиботӣ дар ҷараёни мулоқот бо шаҳрвандон иброз доштанд, ки дар ин марҳилаи басо муҳим ҳамагон бояд беш аз пеш аз тавсия ва маслиҳати мутахассисон кор гирифта, бетарафӣ ва бемасъулиятиро канор гузоранд, зеро саломатӣ неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он аз ҳар нафар вобастагии калон дорад. Сокинон бояд хуб дарк кунанд, ки гаштугузор ва баромадани бидуни зарурат аз хона метавонад омили сироятёбӣ гардад. Бинобар ин, ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набарояд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ дорад. Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар самти гузаронидани санҷишҳо оид риоя нагаштани чораҳои беҳдоштие, ки соҳаи тандурустӣ тавсия медиҳад, аз қабили бе ниқоби муҳофизатӣ ба кӯча набаромадан, риояи ҳолатҳои санитарӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ ва дигар қоидаҳои ҳифзкунанда аз вирус ба идома доранд. Аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳр эҳтиромона даъват ба амал меорем, ки масъалаҳои истифодаи ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои безараркунанда (антисептик) ва фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намуда, бе зарурат аз хона набароянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан