Боздид аз корхонаҳои коркард

Бо мақсади шиносоū бо рафти омодагии корхонаҳо ба мавсими нави коркарди маҳсулоти кишоварзū раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода аз корхонаҳои консервабарории шаҳр боздид ба амал овард. Нахуст шаҳрдори Исфара ба яке аз корхонаҳои замоне овозадор, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Комбинати консервабарории Исфара» ташриф овард. Тавре зимни суҳбат сарвари корхона Дилшод Каримов изҳор дошт, имрӯзҳо корҳои омодагӣ ба мавсим, захираи маводи зарурӣ, ҷалби кормандону мутахассисони соҳа, омодасозии хатҳои истеҳсолӣ ва насбу васли таҷҳизот ҷараён дошта, рӯзҳои наздик корхона ба фаъолият оғоз менамояд. Дастур дода шуд, ки барои самаранокии фаъолияти коргарон шароитҳои зарурū фароҳам оварда шуда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад. Минбаъд раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо корҳои омодагū ба мавсим дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Висол-Исфара» шинос шуд. Тавре ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ин ҷо 23 нафар кормандон ба истеҳсоли маҳсулот машғул буда, барои фаъолияти коргарон шароитҳои зарурū фароҳам оварда шудааст. То ба имрӯз бо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру деҳоти Исфара, аз ҷумла «Кишоварзони Навгилем» ва Филиали исфарагии институти сабзавоткорӣ ва боғпарварӣ барои харидории зардолу ва помидор шартнома баста шудааст. Агар соли 2019 дар корхона зиёда аз 260 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол шуда бошад, кормандони ҷамъият ният доранд, дар мавсими нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баландсифати консервагиро ба 280-300 ҳазор қуттии шартӣ расонанд. Аҳли меҳнати Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи консервабарории «Субхи Ватан», ки давоми 5 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 316,9 ҳазор қуттии шартū маҳсулоти консервагū истеҳсол намудаанд, азм доранд, ки дар мавсими имсола ба миқдори зиёда 2,5 миллион қуттии шартӣ консерваҳои мевагию сабзавотӣ истеҳсол карда, дар раванди таъмини истиқлолияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб гузоранд. Бино бар суханони сарвари корхона Абдуманнон Эрматов, бо мақсади амалигардонии ин иқдоми нек ба миқдори зарурӣ зарфҳои ғунҷоишашон гуногун ва шакар захира карда шуда, бо як қатор хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ барои харидории меваю сабзавот аҳдномаҳо ба имзо расидаанд. Ҳар касе, ки имрӯз вориди коргоҳҳои корхона мегардад, ба хубū эҳсос хоҳад кард, ки мутахассисони корхона ба мавсими нав омодагии хуб дида, ҳамзамон бо таъмири таҷҳизотҳо ҷиҳати ободонии ҳудуди корхона корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Алҳол 45 нафар кормандон машғули меҳнат буда, дар мавсим боз ҳам зиёд кардани шумораи кормандон то ба 70 нафар дар назар аст. Рӯзи боздид аз корхонаи мазкур, мо низ аввалан аз тозагиву ободии коргоҳҳо ва рабту низоми муайяни раванди корҳои истеҳсолū таассуроти нек бардоштем. Ҳамчунин раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо корҳои омодагū ба мавсим дар корхонаҳои коркарди ба номи З.Ҳасанов ва ҶДММ «Кӯлканд» шинос шуда, бобати рафъи камбудиҳо, истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, истифодаи технологияҳои муосир ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас дод. Шаҳрдори Исфара зимни суҳбат сарварони корхонаҳо изҳор дошт, ки таваҷҷўҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи боғдорӣ ва ҳарчӣ бештар истеҳсолу содирот намудани меваҳои шаҳдбори кишвар, бахусус зардолу хоса мебошад. Маҳз, бо талошу раҳнамоии Сарвари давлат солҳои охир дар ҷумҳурӣ, бахусус дар вилояти Суғд корхонаҳои бандубасти мева ба фаъолият шурўъ намуданд, ки ба беҳдошти сифати маҳсулоти содиротӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд. Боиси қаноатмандист, ки дар ин радиф, дар шаҳри Исфара бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллū 12 корхонаҳои коркард ва бандубасти меваи хушк ва 5 корхонаҳои консервабарорӣ фаъолият доранд. Ҷойизи зикр аст, ки соли сипаригашта дар шаҳри Исфара ба миқдори 3 миллиону 612,4 ҳазор қутии шартū консерваҳои мевагиҳо истеҳсол карда шуда буд. Назар ба суханони мудири бахши саноат ва энергетикаи МИҲД-и шаҳр Баҳромҷон Қосимов, кишоварзону боғдорон ва аҳли меҳнати корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара ният доранд, ки нишондодҳои истеҳсолии худро соли равон боз ҳам зиёдтар намоянд, ки воқеан ҳам фаровонии ҳосил ва коркарди он мутобиқ ба талаботи бозор, барои баланд бардоштани потенсиали содиротū дар шаҳри Исфара омили муҳим маҳсуб меёбад.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав