Ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ

Дар саҳни мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти сарварии Раиси шаҳри Исфара, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Акрам Сулаймонзода ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқук, воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул баргузор гардид. Раиси шаҳри Исфара, раиси Ситоди шаҳрӣ Акрам Сулаймонзода ҷаласаро оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Роҳбарияти вилояти Суғд тамоми чорабиниҳои зарурии ташкилиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии пандемияи коронавирус “СOVID-19” андешида истодааст. Сипас, гузоришҳои муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён, сардухтури БМШ Тайибиддин Мухамедов ва сардухтури МНДСЭ-и шаҳр Муҳиддин Назаров оид ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар шаҳру деҳоти Исфара шунида шуд. Гуфта шуд, ки бо ҷалби табибон, ҳамшираҳои шафқат ва табибони оилавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гардиши хона ба хона, ки дар тамоми шаҳр бо фаро гирифтани тамоми аҳолӣ ташкил карда шудаанд ва онҳо самараи хуб доданд. Аз ҷумла, дар ҷараёни гардишҳо 64 нафар одамони табъи баланд дошта ба табобат фаро гирифта шуданд. Инчунин дар ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳр навбатдории шабонарўзӣ ташкил карда шуда, тариқи телефонҳои боварӣ ба шаҳрвандон хизмат расонида истодаанд. Таъкид гардид, ки дар кўчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр, бо истифода аз маводҳои безараргардонӣ корҳои безараргардонию профилактикӣ гузаронида шуда истодааст. Дар ҷараёни ҷаласа ба вусъати корҳои безараргардонӣ, тақвияти фаъолияти посгоҳҳои назоратӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, назорати қатъии фаъолияти бозорҳо ва тарабхонаву ошхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ҳамзамон раиси Ситоди шаҳрӣ Акрам Сулаймонзода ҷиҳати вусъат додани корҳо, самаранок ба роҳ мондани мубориза алайҳи бемороии короновирус дар байни аҳолӣ, вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан