Табрикоти раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим ба ифтихори 26-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам афсарону аскарон, сарҳадбонони шуҷои Ватан. Боиси фараҳмандӣ ва сарфарозиҳост, ки имрӯз мо бистушашумин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои орому осоишта ва бо руҳияи баланди ифтихор аз соҳибдавлатӣ ҷашн мегирем. Ба ин муносибат ҳамаи шумо - хизматчиёни ҳарбии қисми сарҳадии дар шаҳри Исфара амалкунандаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимонаю сидқан муборакбод гуфта, бароятон саломативу бардамӣ, рӯҳи матину иродаи қавӣ, дар ҷодаи адои қарзи муқаддас ва иҷрои вазифаҳои пурмасъулу бошарафонаатон барору пирӯзиҳо орзу дорам. Марзбонони далери Ватан. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш изҳор доштаанд: - «Дар таърихи давлатдории аҳли башар яке аз нишонаҳои муҳимтарини ҳар як давлати соҳибистиқлол мавҷудияти сарҳадоти муайяншудаи он мебошад, ки ҳар кишвари мустақил онро чун рамзи муқаддаси миллӣ ва рукни асосии давлатдорӣ ҳифзу нигаҳбонӣ мекунад». Яъне, Шумо сарҳадбонони муҳтарам барҳақ сипари асосии хатти сарҳади давлатӣ ва муҳофизони дарвозаҳои кишвар маҳсуб меёбед. Мавриди зикр аст, ки Исфара натанҳо як гӯшаи ободу зебо ва пешрафтаи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, балки ҳамзамон яке аз минтақаҳои наздисарҳадии мамлакат маҳсуб ёфта, то андозае хусусиятҳои нозук ва хосаро соҳиб аст, ки ин нуктаро шумо, афсарону аскарони қисми сарҳадии дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара амалкунанда худ ба хубӣ дарк менамоед. Дар мавзеи наздисарҳадӣ ҷойгир будани шаҳру деҳоти Исфара натанҳо дар назди шумо масъулияти калонро вогузор менамояд ва боиси қаноатмандии мост, ки айни замон шумо - сарҳадбонони шуҷоатманд муваффақона марзу буми кишварро посбонӣ мекунед. Барои садоқатмандӣ ба Ватан, саҳми арзанда дар таъмини амнияти кишвар, нишон додани маҳорати баланди касбӣ дар ҳимояи марзу бум, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, оромию осудагии ҷомеа ва амнияти миллату давлат, хизмати шоёну шоиста баҳри таъмини дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ба якояки шумо сидқан арзи сипос менамоям. Муҳтарам афсарону аскарон. Тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: - «Танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад». Инчунин, аз аҷдодони хирадманд барои ҷавонмардони бедордилу худогоҳ ҳикмате ба ёдгор мондааст: "Ватани худро муҳофизат намо, манзили худро нигоҳ дор ва халқи худро тарк накун!" Яъне, ҳифзи марзу бум, таъмини амният, ҳимояи номус, шаъну эътибори хоҳарону модарон вазифаи ҷонии ҳар як ҷавонмард аст. Дар фарҷоми сухан, бори дигар ҳар яки Шуморо ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонон ва 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод мегӯям. Орзуманди онам, ки ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва дар ҷодаи иҷрои ин вазифаи пурмасъулу бошарафонаатон комёбу муваффақ бошед. Бигзор дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу амният ва ободӣ ҳамеша поянда бошад. Идатон муборак, сарҳадбонони шуҷоатманди Ватан!

Коментарияҳо

Коментария гузоштан