Аёдати собиқадорон

Дар доираи чорабиниҳо бахшида 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ва пос доштани хотираи ин абармардони майдони ҷанг ва ақибгоҳ Раиси ҷамоати деҳоти Навгилем Аҳмадхӯҷа Болтаев ва сарвари ҶДММ «Субҳи Ватан» Абдуманнон Эрматов барои аёдати ду нафар собиқадорони ақибгоҳ ба манзили онҳо рафтанд. Зимни дидорбинū бо Муҳаммадраҷаб Исоеви 92 сола аз деҳаи Офтобрӯй ва Ҷумъабой Шарипов аз деҳаи Устомулло, Аҳмадхӯҷа Болтаев ва Абдуманнон Эрматов бо баробари таҳниятгӯйии собиқадорон бо солгарди навбатии Пирӯзū дар ҶБВ аз саҳми қаҳрамонони арсаи ҷанг дар наҷоти инсоният аз ҷабру зулми фашизми гитлерū ва онҳое, ки дар солҳои ҷанг заҳмати вазнини ақибгоҳро бар дӯши худ доштанд, ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки қаҳрамонӣ, шуҷоат, диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла исфарагиён дар қатори миллионҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, намунаи олии ватандорӣ ва дарси олии мардонагӣ буда, дар китоби таърихи ватан бо хатҳои заррин сабт шудааст ва насли ҷавони имрӯза, вақте ки онҳоро варақгардон мекунанд, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шӯҳратманд, дарси садоқату вафодорӣ ба диёрро меомӯзад. Ҳамчунин ба онҳо тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуданд. Дар навбати худ собиқадорони ҷанг барои кӯмаку таваҷҷӯҳ ва ғамхории пайваста нисбати эшон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи вилоят ва шаҳр изҳори миннатдорӣ намуданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав