Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод. Дар шаҳри Исфара дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони биноҳои иҷтимоӣ бо саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ бо маром идома дорад. Яке аз ин иншоотҳои ҷашнӣ сохтмони бинои мактаби байналмилалии «Орион» мебошад, ки бо саҳмгузории соҳибкорони маҳалли Ӯлмасов Исроил ва Ӯлмасов Нарзулло оғоз карда шуд. Бо иштироки Раиси вилоят маросими гузоштани санги асосӣ ин боргоҳи маърифат баргузор гардид. Ба роҳбари вилоят итилоъ дода шуд, ки мактаби байналмиллали «Орион» барои 1600 нафар хонанда дар дубаст бунёд гардида, иборат аз се ошёна, таҳхона, 40 синфхонаи таълимӣ, ҳавзи шиноварӣ, толори замонавии варзишӣ ва дигар инфрасохтори муосири таълимӣ мебошад. Сохтмони бинои мазкур тибқи буҷаи лоиҳавӣ 30 миллион сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол 60 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шудаанд. Корҳои сохтмонӣ то моҳи августи соли 2021 ба охир расонида шуда ба фаъолият оғоз мекунад. Раиси вилоят ба муассисон тавсия дод, ки барои 200 нафар хобгоҳ низ бунёд намоянд. Зеро дар ин мактаби замонавӣ аз дигар минтақаҳои кишвар толибилмон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав