Дар радифи таҷлили 75-солагии Рӯзи Ғалаба

Дар радифи таҷлили 75-солагии Рӯзи Ғалаба ба як қатор собиқадорони ақибгоҳ аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода кумакпулиҳои якдафъаина супорида шуд. Муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён собиқадорони ақибгоҳро аз номи раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Исфара бо Иди Ғалаба самимона табрик гуфта, аз саҳми қаҳрамонони арсаи ҷанг дар наҷоти инсоният аз ҷабру зулми фашизми гитлерū ва онҳое, ки дар солҳои ҷанг заҳмати вазнини ақибгоҳро бар дӯши худ доштанд, ёдовар шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар ибтидои ин ҷанги хонумонсӯз меҳнаткашони вилоят бо мақсади сохтани танкҳо бо номи «Колхозчии Тоҷикистон» ба суратҳисоби махсус 19 миллиону 371 ҳозор сӯм маблағ гузаронидаанд, ки дар ин маърака бо ирсоли 3 миллиону 386 ҳазор сӯм сокинони Исфара дар зинаи якум қарор доштанд. Таъкид гардид, ки қаҳрамонӣ, шуҷоат, диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла исфарагиён дар қатори миллионҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, намунаи олии ватандорӣ ва дарси олии мардонагӣ буда, дар китоби таърихи ватан бо хатҳои заррин сабт шудааст ва насли ҷавони имрӯза, вақте ки онҳоро варақгардон мекунанд, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шӯҳратманд, дарси садоқату вафодорӣ ба диёрро меомӯзад. Ҳамзамон ба ҳар кадоме аз 14 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ, сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркуҳ, Сурх, Шаҳрак, Навгилем ва Шӯроб аз номи Раиси вилояти Суғд 2000 сомонӣ ва раиси шаҳри Исфара 1000 сомонӣ кӯмакпулӣ супорида шуд. Ҳамчунин кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара ба собиқадорони ақибгоҳ медали ҷашнии 75 солагии Ғалабаро тақдим намуданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав