Имрӯз санаи 7-уми май

Имрӯз санаи 7-уми май чун анъана дар саросари кишвар Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа таҷлил карда мешавад. Тараққиёти бемайлони ҳаёти имрӯзаро бидуни васоити алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи технлогияҳои инноватсионии муосир тасаввур кардан душвор аст. Фаъолияти «Радиои Исфара» бозгӯи аз он дорад, ки дар асри мо радио чун воситаи муҳимтарини иртибот ва иттилоот аҳамияти худро гум накардаву дар огоҳонидани саривақтии мардум аз навигариҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, мусоидат дар ҳаллу фасли муаммову мушкилоти дар ҷомеа мавҷуд буда нақши муҳим мебозад. Дар замони муосир фазои иттилоотӣ чун воситаи муҳими тарғиби сиёсати Ҳукумати кишвар, тамаддун ва фарҳанги миллӣ аз аҳамияти зиёд бархурдор буда, мутахассисон дар баробари омӯзиш ва такмили истеъдоди касбӣ бо таҳияи барномаҳои ҷолибу фарогири масоили рӯз дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, вазифаҳои ба зимма доштаашонро сарбаландона иҷро менамоянд. Дар ин радиф кормандони радиои маҳаллū низ бо дарки масъулияти баланд дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакат ва дар раванди пешравиҳои беназир ширкати фаъолона меварзанд. Онҳо дар тарғиб ва амалӣ гаштани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд. «Радиои Исфара» бо назардошти зарурияти пурра намудани фазои иттилоотии маҳал ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои мафкуравū дар байни аҳолū, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии сокинони диёр рӯи кор омада, имрӯз дар фазои иттилоотии кишвар мақоми худро дарёфтааст. Ҳамин зайл, имконоти хубе фароҳам омадааст, ки сокинони шаҳру деҳоти Исфара барномаҳои «Радиои Исфара»-ро тавассути басомади 104.4 FM ҳамарӯза дар ҳаҷми 18 соат дар ҷойи дилхоҳ шунаванд ва аз тозатарин ахбор ва рӯйдодҳои навини шаҳр огаҳū пайдо намоянд. Дар ин рузи фархунда ба кормандони радиою алока собикадорони соха ва умуман ба кулли алокамандони онхо барору мувафакиятхо орзу менамоем.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав