Дар доираи сафари корӣ собиқадорони меҳнат — Файзуллохоҷа Бобоев, Абдумавлон Ҷӯраев, Қурбонхӯҷа Охонов, Абдумалик Давронов ва Каримбой Музаффаров аёдат карда шуданд. Шарифҷон Ҷумазода зимни суҳбат таъкид кард, ки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба беҳтар намудани шароити зиндагии собиқадорон, пиронсолон ва қишрҳои ниёзманди ҷомеа равона гардидааст. Ӯ афзуд, ки мақомоти маҳаллӣ низ ин самти корро ҳамеша дар меҳвари фаъолияти худ қарор медиҳанд.
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара