Давоми семоҳаи якуми соли 2023воридоти буҷети давлатӣ (контингент) ба андозаи 106,0фоиз таъмин гардида ба ҷойи 36 милиону 681 ҳазор сомонии нақша маблағи 38 милиону 981 ҳазору 693сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 2 милиону 300 ҳазору 693сомонӣ зиёд мебошад. Яъне дар семоҳаи якуми соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба буҷети давлатӣ ба маблағи 3милиону 899 ҳазору 705 сомонӣ (38981693-35081988) зиёд ворид гардидааст.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад дар ин давра ба андозаи 109,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ мебоист 25 милиону 901 ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан бошад 28 милиону 340ҳазору 515 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 2милиону 439 ҳазору 515сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2милиону 954 ҳазору 688 сомонӣ (28340515-25385826) зиёд ворид гардидааст.
Нақшаи буҷети ҷумҳуриявӣ бошад ба андозаи 99,0фоиз иҷро гардида, мебоист ба буҷети ҷумҳуриявӣ 10 милиону 780 ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан 10 милиону 641 ҳазору 178 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша138 ҳазору 822сомонӣ кам мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ бошад дар ин давра ба андозаи 106,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет мебоист 15 милиону 594 ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан бошад 16 милиону 603 ҳазору 263сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 1 милиону 9 ҳазору 263 сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷумла, нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ 107,9 фоизро ташкил дода, ба суратҳисоби агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа 7 милиону 464 ҳазору 70 сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақша 549 ҳазору 70 сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба 106,5 фоизи нақша баробар гардида, ба ҷойи 8милиону 679 ҳазор сомонӣ 9 милиону139 ҳазору 193 сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 460 ҳазору 193 сомонӣ зиёд мебошад.
Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда бобати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет аз 8 намуди сарчашмаҳои ба нақшагирифташуда 1 намуди он иҷро нагардида, дар маҷмўъ аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 2 милиону 523 ҳазору 946 сомонӣ кам андоз ворид гардид.
- андоз аз арзиши иловашуда 69,0 фоиз ё 2 милиону 523 ҳазору 946 сомонӣ кам аз нақша мебошад.
Бақияи қарзи андозҳо нисбат ба 01.01.2023 ба андозаи 63,0 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфта, маблағи он ба ҳолати 01.04.2023 сол, 7,9 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти бучети маҳаллии шаҳри Исфара ба андозаи 90,1 фоиз таъмин карда шуда, мувофиқи нақша бо тағйироту иловаҳояш мебоист 39 милиону 399 ҳазору 132 сомонӣ хароҷот мегашт, амалан бошад 35 милиону 511 ҳазору 95 сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки нисбати нақша ба маблағи 3 милиону 888 ҳазору 37 сомонӣ кам мебошад.
Барои пурра пардохт намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ 26 милиону 346 ҳазору 203 сомонӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа 6 милиону 586 ҳазору 899 сомонӣ равона шуда, хароҷоти дигар моддаҳои ҳимояшаванда 2 милиону 577 ҳазору 993 сомониро ташкил дод. Инчунин, барои пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоии кормандони техникии муассисаҳои буҷети ҳамагӣ 145 ҳазору 199 сомонӣ маблағ пешбинӣ ва ба хароҷот бароварда шудааст.
Мувофиқи маълумотҳо барои пурра пардохт намудани соҳаи иҷтимоиёт ба маблағи 32 милиону 527 ҳазору 950 сомонӣ хароҷот карда шуда, 91,6 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро дар бар мегирад. Барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет маблағи умумии 33 милиону 491 ҳазору 992 сомонӣ хароҷот гардидааст, ки он 94,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро дар бар мегирад.
Раёсати молия дар шаҳри Исфара оиди андешидани чораҳо доир ба дуруст ба роҳ мондани татбиқи сиёсати андозбандӣ, саривақт ва босифат иҷро намудани нақшаи қисми даромади буҷет, дарёфти манбаҳои иловагӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин барои дуруст ба ҳисоб гирифтани объектҳои нави молу мулки ғайриманқул ва замин дар ҳудуди шаҳр ва бо ин васила ба андозбандӣ ҷалб кардани онҳо дар якҷояги бо кормандони нозироти андоз корҳои амалиро ба роҳ монда истодааст.