Таҷлили Рӯзи модар дар Исфара

«Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, кишоварзи моҳир, соҳибкори саховатманд, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии ҷасури Ватан, бинокори номдор ва мураббии наслҳоро мебинад, ки мояи ифтихори имрӯзиён аст», - изҳор дошт раиси шаҳри Исфара Баховаддин Баходурзода дар ҷараёни ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ифтихори Рӯзи модар бо иштироки бонувони фаъол ва сарвару обрӯманд баргузор гардид. Дар шаҳри Исфара Иди модарон бо муҳаббат ва самимияти беинтиҳо, бо арҷгузории хоса ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришт ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар маркази фарҳангии «Шоҳон» бо иштироки собиқадорони меҳнат, бонувони фаъол ва намояндагони ҷомеаҳои меҳнатӣ маҳфили идона доир гардид. Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бо ширкати фаъолзанони шаҳру деҳоти Исфара Раиси шаҳр Исфара Баховаддин Баходурзода занону бонувонро ба муносибати фарорасии Баҳори оламафрӯз ва ҷашни муқаддас – Рӯзи модар самимона муборакбод намуда, дар такя ба гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид дошт, ки “Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”. Тавре хоса зикр гардид, дар партави хираду муҳаббати Пешвои муаззами миллат мақоми зан дар ҷомеаи навини мо ба таври назаррас баланд гардида истодааст. Дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолии кишвар давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, дар доираи сиёсати иҷтимоии худ, бо дарназардошти мақому мартабаи шоистаи занон ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, кафолати давлатии баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд як силсила санадҳои муҳиму чорасозро қабул ва дар амал татбиқ намуд. Мавқею мақоми шоиста ва эътибору нуфузи баланде, ки имрӯз бонувони Исфара доранд, инчунин намояндагии онҳо дар мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ тақвиятбахшандаи ин гуфтаҳоянд. Аз ин ҷост, ки дар шаҳру деҳоти Исфара шумораи занони дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳамаи зинаҳои идоракунии давлатию ҷамъиятӣ зиёд шуда истодааст. Боиси қаноатмандист, ки занони Исфара ҳамсафу ҳамқадами замон буда, садҳо нафар бонувони бомаърифати мо дар вазифаю мақомҳои гуногун барои пешбурди ҳаёти ҷамъияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳр саҳму нақши муҳим доранд. Муовини Раиси вилояти Суғд Зохидзода Даврони Абдукодир табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, зикр сохт, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад. Кормандони бахши фарҳанги шаҳр бошанд бо барномаи ҷолиб ва муассиркунандаи иборат аз суруду таронаҳои тараннумгари заҳмату бузургии Зан – Модар ва қалби саршор аз муҳаббати ӯ табъи ҳозиринро шод гардониданд.

Хабарҳои нав