Маълумот оид ба таъмини иҷрои нақшаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Исфара дар 6 моҳи соли 2022

Давоми шаш моҳи соли 2022 воридоти буҷети давлатӣ (контингент) ба андозаи 104 фоиз, воридоти буҷети маҳаллӣ бошад 104,9 фоизро ташкил додааст. Яъне дар 6 моҳи соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба буҷети давлатӣ ба маблағи 6 милиону 579 ҳазору 278 сомонӣ (73354051-66774753) зиёд ворид гардида, ба буҷети маҳаллӣ бошад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7 милиону 724 ҳазору 584 сомонӣ (52724963-45000379) зиёд ворид гардидааст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад дар ин давра ба андозаи 104,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ мебоист 50 милиону 246 ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан бошад 52 милиону 724 ҳазору 963 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 2 милиону 478 ҳазору 963 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи буҷети ҷумҳуриявӣ бошад ба андозаи 101 фоиз иҷро гардида, мебоист ба буҷети ҷумҳуриявӣ 20 милиону 342 ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан 20 милиону 629 ҳазору 88 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 287 ҳазору 88 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ бошад дар ин давра ба андозаи 104,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет мебоист 29 милиону 405 ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан бошад 30 милиону 830 ҳазору 790 сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 1 милиону 425 ҳазору 790 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти бучети маҳаллии шаҳри Исфара ба андозаи 99,9 фоиз таъмин карда шуда, мувофиқи нақша бо тағйироту иловаҳояш мебоист 71 милиону 71 ҳазору 307 сомонӣ хароҷот мешуд, амалан бошад 71 милиону 47 ҳазору 657 сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки нисбати нақша ба маблағи 23 ҳазору 419 сомонӣ кам мебошад. Ин давра барои пурра пардохт намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ 49 милиону 280 ҳазору 783 сомонӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа 12 милиону 320 196 сомонӣ равона шуда, хароҷоти дигар моддаҳои ҳимояшаванда 9 милиону 224 ҳазору 477 сомониро ташкил дод. Инчунин, барои пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоии кормандони техникии муассисаҳои буҷетӣ ҳамагӣ 222 ҳазору 201 сомонӣ маблағ пешбинӣ ва ба хароҷот бароварда шудааст. Мувофиқи маълумотҳо барои пурра пардохт намудани соҳаи иҷтимоиёт ба маблағи 66 милиону 237 705 сомонӣ хароҷот карда шуда, 93,2 фоиз ҳаҷми умумии хароҷотро ташкил медиҳад. Барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет маблағи 64 милиону 600 ҳазору 979 сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки 91 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро дар бар мегирад. Раёсати молия дар шаҳри Исфара оиди андешидани чораҳо доир ба дуруст ба роҳ мондани татбиқи сиёсати андозбандӣ, саривақт ва босифат иҷро намудани нақшаи қисми даромади буҷет, дарёфти манбаҳои иловагӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин барои дуруст ба ҳисоб гирифтани объектҳои нави молу мулки ғайриманқул ва замин дар ҳудуди шаҳр ва бо ин васила ба андозбандӣ ҷалб кардани онҳо дар якҷояги бо кормандони нозироти андоз корҳои амалиро ба роҳ монда истодааст.

Хабарҳои нав