ДАР ИСФАРА МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИЮ ВИЛОЯТӢ ВА УНВОНИ «ШАҲРВАНДИ ФАХРӢ» СУПОРИДА ШУДАНД

Дар ин маросими пуршукӯҳ супоридани мукофотҳои давлатӣ, Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара, инчунин сазовор гардидан ба унвони баланди «Шаҳрванди фахрии шаҳри Исфара» сурат гирифт. Чорабинии идонаро раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода оғоз бахшида, оид ба нақши арзандаи сокинону заҳматкашони минтақаро дар рушду ободии диёр, таҳкими сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат ва равнақи соҳаҳои мухталиф хоссатан таъкид намуд. Дар идомаи маросим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ба сухан баромада, аз корҳои ободониву рушди Тоҷикистонд ар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ ёдрас кард. Сипас, ӯ мукофотҳои давлатиро ба шаҳрвандоне, ки дар роҳи рушди кишвар саҳми босазо гузоштаанд, супорид. Пайваста ба ин, намояндаи вилояти Суғд - раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода баромад карда, Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба заҳматкашону фаъолони вилоятӣ тақдим дошт. Минбаъд дар чорабинӣ супоридани унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Исфара» ба 8 нафар шахсиятҳои маъруфу барҷаста ва арзандаи диёр сурат гирифт. Аз номи тамоми сазоворшудагони ин унвони фахрӣ, Амирзода Раҳмоналӣ Амир ва Эркинхон Раҳматуллозода миннатдории бепоёни хешро ба мардуми шарафманду меҳнатдӯсти Исфара, роҳбарияти шаҳр ва мақомоти иҷроия барои эҳтиром, эътимод ва эътирофи заҳматҳояшон изҳор доштанд. Дар идомаи тантана Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба як гурӯҳ фаъолону заҳматкашони ҷамоатҳо барои хизматҳои намунавӣ ва фаъолияти самарабахш супорида шуданд. Дар анҷоми ин чорабинӣ ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои доимӣ, таваҷҷуҳи пайваста ба мушкилоту пешрафти минтақа ва ҳиссагузорӣ дар ободии диёр Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Хабарҳои нав