БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН ДАР ИСФАРА

Дар шаҳри Исфара машварати васеи анъанавии августии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Дар кори машварат раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода ва муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Абдураҳим Қурбониён иштирок ва баромад намуданд. Машварати августӣ дар Қасри фарҳанги шаҳр баргузор гардида, нахуст иштирокдорон дар даромадгоҳи ошёнаи якум аз намоиши либосҳои мактабии корхонаҳои дӯзандагии маҳаллии ҶДММ «Салимабону», ҶДММ «Риштаи меҳр», ҶДММ «Азиза», ҶДММ «Ғуломов» ва маҳсулоти корхонаи пойафзолбарории ҶДММ «Саманд» дидан намуданд. Дар доираи ин тадбир Раиси шаҳр ба 61 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз оилаҳои камбизоат либосҳои пурраи мактабӣ тақдим кард. Сипас, аз тарафи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 суруди умумӣ дар васфи «Муаллим» иҷро гардид ва дар идома аз дастовардҳову намоишгоҳи соҳаи маорифи шаҳр боздид ба амал оварда шуд. Қисмати расмии машварат таҳти раёсати шаҳрдори Исфара Шарифҷон Ҷумъазода идома ёфт. Дар он иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати маорифи шаҳр Умарзода Фотима оид ба «Нақши раёсати маорифи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои давлатии соҳаи маориф» ҳисоботи муфассал пешниҳод кард. Фотима Умарзода дар баромади хеш дастовардҳои соҳаи маорифи шаҳрро дар соли таҳсили гузашта мавриди таҳлили амиқ қарор дода, қайд намуд, ки дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот мунтазам беҳтар мегардад. Ӯ қайд кард, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаҳои рақамикунонии соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ, ҷалби омӯзгорони ҷавон ба кор ва баланд бардоштани саводи фарҳангиву илмии хонандагон тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ҷумла, омодагии муассисаҳо ба соли нав, таъмини китобҳои дарсӣ ва иштироки фаъолонаи хонандагони шаҳр дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсат арзёбӣ гардид. Пас аз андешарониҳо ва музокираҳои аҳли маориф, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Абдураҳим Қурбониён ба сухан баромада, масъалаҳои муҳими соҳа, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва иҷрои барномаҳои давлатиро дар вилояту шаҳр мавриди таҳлил қарор дод. Сипас, раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода суханронӣ намуда, оид ба омодагии муассисаҳо ба соли нави таҳсили 2026-2027 ва амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона дастуру тавсияҳои мушаххас дода, ба машварати корӣ хотима бахшид. Дар қисмати тантанавии чорабинӣ ба як қатор омӯзгорон ва кормандони фаъоли соҳаи маориф мукофотҳои соҳавию маҳаллӣ супорида шуданд. Аз ҷумла 10 нафар омӯзгорон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», 6 нафар бо Сипосномаҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд,40 нафар бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр сарфароз гардиданд. Машварати августии кормандони соҳаи маориф бо барномаи фарҳангӣ ба анҷом расид.

Хабарҳои нав