Ба муносибати сазовор муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар майдонҳои байналмилалӣ ва саҳми муносиб гузоштан дар рушди варзиши миллӣ ҳамаи онҳо бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара қадрдонӣ карда шуданд.
Дар мулоқоти самимиву ошкоро Осимхон Раҳмонов, Азизхӯҷа Собитов, Шероз Самадов, Фариштамоҳ Зокири, Меҳрулло Атобеков, Зикруллоҳ Боиров, Амруллоҳ Боиров, Ҳамза Давронов ва Салмон Назаралиев иштирок намуданд. Шарифҷон Ҷумъазода зимни суҳбат қайд кард, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш ба яке аз самтҳои афзалиятнок мубаддал гашта, ҷавонони Исфара имрӯз дар бузургтарин мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчамбардори Ватан мебошанд.
Варзишгарон ҳар кадоме бо ғолибият ба даст овардану соҳиби дастовардҳо шудан дар соҳаи хеш намунаи ибрати ҷавононанд. Аз ҷумла, варзишгари касбии санъати омехта (MMA) ва размкори лигаи машҳури ACA Осимхон Раҳмонов (Black Hawk) бо беш аз 17 ғалабаи дурахшон дар саҳнаи байналмилалӣ ва Меҳрулло Атобеков, ки аз 6-солагӣ ба варзиш машғул шуда, имрӯз донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва қаҳрамони бисёркаратаи кишвару ҷоизадори чемпионати ҷаҳон мебошад, сазовори эҳтироми хоса гаштанд.
Намояндаи дигари муҳорибаҳои касбӣ Азизхӯҷа Собитов, аввалин намоянда варзишгари муштзан аз шаҳри Исфара ва тарбиягирандаи клуби «Ҳоҷӣ Шариф», ки 3 муҳорибаи касбии худро дар Россия, Гурҷистон ва 22 августи соли 2026 дар Ӯзбекистон бо пирӯзӣ ва нокаут ба анҷом расонида буд изҳори омодагӣ намуд, ки барои расидан ба майдонҳои Олимпӣ талош мекунад.
Ҳамзамон, бонуи варзишгар Фариштамоҳ Зокири, ки дорандаи Ҷоми ҷаҳон оид ба кикбоксинг (2025), 3 карат чемпиони ба қувваозмоии тан ба тан мебошад, моҳи августи соли 2026 дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб бори аввал дар таърихи Тоҷикистон бонувони кишварро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг ва намояндагӣ кард.
Раиси шаҳр ба маҳорат ва иродаи қавии паҳлавононе чун Шероз Самадов, Зикруллоҳ ва Амруллоҳ Боировҳо, Ҳамза Давронов ва Салмон Назаралиев низ баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки мақомоти маҳаллӣ ҳамеша омода аст варзишгарони ҷавонро дастгирӣ намояд.
Дар анҷоми мулоқот варзишгарон ба роҳбарияти шаҳри Исфара барои эҳтирому қадрдонии баланд изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар мусобиқаҳои оянда низ барои боло бардоштани Парчами муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара