МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА

Чорабинӣ бо муаррифии кадрҳои тозатаъин оғоз ёфт: Саидзода Дилшод Неъмат иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши ҳифзи муҳити зист, Диловар Сайдиллоева нотариуси калони давлатии шаҳри Исфара таъин гардида, роҳбарии Пойгоҳи такягоҳии илмии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳр ба дӯши Манучеҳр Бобохонов вогузор карда шуд. Сипас, раванди амалишавии Нақшаи «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» муҳокима гардид. Мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ Нурулло Қурбонов оид ба пардохти кумакпулиҳо, паст шудани сатҳи камбизоатӣ, муроҷиатҳо барои кумакҳои якдафъаина, таъминот бо аробачаҳои маъюбӣ, дастгирии шахсони маъюбиятдошта ва фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил маълумоти муфассал дод, ки дар заминаи он аз ҷониби раиси шаҳр сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳо ва иҷрои сифатноки вазифаҳо тақозо шуд. Дар идомаи маҷлис муовинони раиси шаҳр вобаста ба вазъи соҳаҳои худ маълумот доданд. Муовини раис С. Ҷӯразода доир ба вазъи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омодагӣ ба гузашти ҳарбӣ, вазъияти сарҳади давлатӣ ва ҳуҷҷатгузории қитъаҳои замин гузориш дод. П. Хуршедзода оид ба ҳолати соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳолати мактабҳо ва будани сарварони муассисаҳо, тайёрии мактабҳо ба зимистонгузаронӣ ва омода кардани барномаҳои афзалиятноки фарҳангӣ бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ҳамзамон, Н. Ҳасанзода раванди баистифодадиҳии объектҳои ҷашнӣ, мумфаршкунии роҳҳо, бунёди маҷмааи «Зардолу» ва беҳтар кардани намои биноҳои баландошёнаро шарҳ дод. Муовини раиси шаҳр М. Ҳамзазода раванди баргузории иду ҷашнҳои кишоварзӣ, тоза кардани ҷӯйборҳо, вазъи омории соҳа ва вобастакунии заминҳоро баррасӣ кард. Соҳаҳои саноату иқтисод низ мавриди таҳлил қарор гирифта, С. Зиёваддинзода дар бораи рушди футбол, ҳолати дастаи «Исфара» ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ маълумот пешниҳод намуд. Дар маҷлиси назоратӣ инчунин мудири шуъбаи умумӣ ва муроҷиати шаҳрвандон Н.Хоҷазода оид ба баррасии сарвақтии муроҷиатҳо, ҳуҷҷатгузории онҳо маълумот дод ва дархости дида дар муҳлати муайянгардида баромадани онҳо аз тарафи масъулин шуд. Дар анҷом раиси шаҳр назди ҳамаи сохторҳои марбута барои суръат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва иҷрои пурраи нақшаҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ супоришҳои мушаххас гузошт.

Хабарҳои нав