МУЛОҚОТИ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ИСФАРА

Ин чорабинӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода ва бо иштироки Раиси Кумитаи рушди маҳал Камолиддин Муминзод ва муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода доир шуд. ​Дар он Раиси Кумитаи рушди маҳал Камолиддин Муминзод суханронӣ намуда, роҷеъ ба арзёбии ташрифи корӣ, рафти иҷрои барномаҳои давлатии рушди маҳал ва таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати таъмини сифату муҳлати корҳои ободонӣ андешаҳои худро баён дошт. Ба рафти ободонӣ баҳри баланд дод. ​Раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода бошад, дар баромади худ қайд намуд, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» барномаи амиқи маънавию фалсафии рушди ҷомеа мебошад. Номбурда иброз дошт, ки рушди кишвар на танҳо аз сармояву технология, балки аз сатҳи шуури миллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд вобастагии бевосита дорад. ​Раиси шаҳр дар баромади худ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро дар нимсолаи якуми соли 2026 арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 48,1 фоиз ва кишоварзӣ 17 фоиз афзоиш ёфта, сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ 1,6 баробар ва ҳаҷми умумии сармоягузориҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 баробар зиёд шудааст. Ҳамчунин афзуд, ки тибқи нақша аз 1085 иншооти пешбинишуда то имрӯз сохтмону азнавсозии 1031 адад, яъне 95 фоизи нақша ба итмом расида, барои 2800 ҷойи нишаст муассисаҳои нави таълимӣ ба истифода дода шуданд. ​Шарифҷон Ҷумъазода аҳамияти таҳкими худшиносии миллиро дар шароити ҷаҳонишавӣ махсус алоҳида қайд карда, онро сипари мустаҳками маънавӣ дар баробари хатарҳои муосир ва бегонапарастӣ номид. Дар анҷоми мулоқот раиси шаҳр ба гурӯҳи корӣ барои таваҷҷуҳу маслиҳатҳои судманд изҳори сипос намуда, итминон дод, ки сокинони шаҳри Исфара нақшаҳои созандагиро бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда амалӣ хоҳанд кард. Дар мулоқот муовини раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон низ ибрози андеша кард.

Хабарҳои нав

  • БОЗДИДИ АЗ ИНШООТҲОИ ШАҲРАКИ ШӮРОБ

    ​Дар идомаи сафар гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод, бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода ба шаҳраки Шӯроб ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • БОЗДИД АЗ "АМИД" ВА БИНОИ НОЗИРОТИ АНДОЗ

    Боздид аз силсилаи объектҳои муҳими соҳаи иқтисод ва хизматрасонӣ самти дигари боздид буд. ​Аҳамияти асосии ин боздид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона карда шуд.

    2026-08-05

  • САРВАРИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ БА ШАҲРИ ИСФАРА ТАШРИФ ОВАРД

    Гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод ва бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • СУҲБАТИ ОШКОРОИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА БО ЖУРНАЛИСТОН

    Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазодаро, ки санаи 29 июли соли 2026 бо ширкати кормандони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, метавон ошкорову самимӣ номид.

    2026-07-29