Мақсад аз ин ташриф ошноӣ бо вазъи асъори иҷтимоиву иқтисодӣ, рафти корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» мебошад.
Дар Шӯроб аъзои гурӯҳи корӣ аз як силсила объектҳои муҳими инфрасохторӣ ва иҷтимоии шаҳрак боздид намуданд:
Дар толори варзишӣ меҳмонон бо шароити фароҳамовардашуда барои ҷавонону варзишгарон, ҳолати техникӣ ва сатҳи муҷаҳҳазгардонии толор шинос шуда, ба масъулин барои ҷалби бештари насли ҷавон ба тарзи ҳаёти солим тавсияҳо доданд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бошад, аз синфхонаҳо, омодагии муассиса ба соли нави таҳсил ва шароити таълиму тарбия дидан намуда шуд. Сифати корҳои таъмиру тармим ва сатҳи таъминоти муассиса бо аёниятҳову воситаҳои техникӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
Боғи фарҳангию фароғатии Шӯроб иншооти дигаре, ки меҳмонон рафти корҳои ободонӣ, сабзкориву ниҳолшинонӣ ва шароити фароғатии аҳолиро дар ин ҷо азназар гузаронданд.
Аъзои гурӯҳи корӣ ба масъулони мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати боз ҳам зебову обод намудани шаҳраки Шӯроб ва ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ супоришҳои мушаххас доданд. Бояд зикр кард, ки ин иншоотҳо бо дастгирии соҳибкорони муваффақ, аз ҷумла Раҳимҷон Азимов бунёду азнавсозӣ карда шудаанд.
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара