БОЗДИД АЗ "АМИД" ВА БИНОИ НОЗИРОТИ АНДОЗ

Гурӯҳи корӣ рафти бунёди бинои нави маркази савдоро назорат намуд. Дар ин раванд меҳмонон ҳамроҳии раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода аз Маҷмааи "Амид" дидан карданд. Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур на танҳо сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ баланд мебардорад, балки барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозад. ​Дар идома шиносоӣ бо вазъи таъсири куллии бинои нозироти андози шаҳр сурат гирифт. Дар ин ҷо шароити кории кормандон ва сатҳи воридсозии технологияҳои рақамӣ ҷиҳати осон намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон мавриди баҳодиҳӣ қарор дода шуд. ​Ин ҷо ба масъулони сохторҳо ва бунёдкорон ҷиҳати сифатнок ва саривақт ба анҷом расонидани корҳо тавсияву супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Хабарҳои нав

  • МУЛОҚОТИ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ИСФАРА

    ​Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.

    2026-08-05

  • БОЗДИДИ АЗ ИНШООТҲОИ ШАҲРАКИ ШӮРОБ

    ​Дар идомаи сафар гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод, бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода ба шаҳраки Шӯроб ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • САРВАРИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ БА ШАҲРИ ИСФАРА ТАШРИФ ОВАРД

    Гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод ва бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • СУҲБАТИ ОШКОРОИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА БО ЖУРНАЛИСТОН

    Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазодаро, ки санаи 29 июли соли 2026 бо ширкати кормандони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, метавон ошкорову самимӣ номид.

    2026-07-29