СУҲБАТИ ОШКОРОИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА БО ЖУРНАЛИСТОН

Қабл аз нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон варақаи иттилоотӣ дода шуд, ки дар он вазъи иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳр дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ инъикос гардида буд. Барои бештар додани имконияти саволдиҳӣ ба журналистон раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода аз додани гузориш худдорӣ карда, бевосита нишастро бо суолгузориҳои кормандони расонаҳои хабарӣ доир намуд. Рӯзноманигорон, намояндагони ҳафтаномаи "Омӯзгор"- Нӯъмон Раҷаб, "Согдиан-медиа" - Қамари Аҳрор, радиои "Озодӣ"- Фарзон Муҳаммадӣ, "Суғд ҳақиқати"- Зайниддин Муҳаммадиев, "Согдийская правда"-Файзулло Ҳасанов ва намояндагони васоити ахбори маҳаллӣ пиромуни масъалаҳои гуногун саволгузорӣ карданд. Иншоотҳои то 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бунёдшаванда, амалигашти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор", теъдоди Исфарагиёне, ки ба қарибӣ авф гаштаанд ва вазъи онҳо, Маҷмааи Зардолу ва замони пурра бунёд шудани он, ҳолати сокинони наздимарзӣ, ки қитъаҳои наздиҳавлигиашон иваз шудааст, масъалаи бо об таъмин намудани маҳаллаҳои Сомониён, 14 ва 15-и шаҳр, таъмини шаффофият дар ҷамъоварӣ ва хароҷоти маблағҳои тариқи марафон ба дастомада, вазъи ҳуқуқии аз кор рафтани мудири бахши ҷавонон ва варзиш, омилҳои вафоти Ёсинҷон Бобоҷонов, ошкор шудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар баъзе муассисаҳои тиббию назоратӣ, вазъи санитарию беҳдоштии шаҳр, хосса хӯроки умумӣ, муҳоҷират ва вазъи он дар Исфара, пошхӯрии оилаҳо, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ, сабабҳои талаботи нерӯи барқ, вазъи бастани шартномаҳои коллективӣ дар корхонаҳо аз масъалаҳое буданд, ки атрофи он журналистон хостанд аз раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода посух гиранд. Шаҳрдори Исфара, инчунин ба баъзе саволҳо муовинони дахлдор, посухҳо дода, бори дигар аз ташаббус ва иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳамкории зич ба роҳ мондан бо журналистон, баргузории нишастҳои матбуотӣ ва таъсири он ба масъулиятшиносии роҳбарон ва умуман ҷомеа ёдовар гашт. Нишасти матбуотии мазкур бори дигар нишон дод, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо журналистон ҳамкории зич дорад ва ҳамеша дарҳои он барои журналистон боз аст.

Хабарҳои нав

  • МУЛОҚОТИ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ИСФАРА

    ​Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.

    2026-08-05

  • БОЗДИДИ АЗ ИНШООТҲОИ ШАҲРАКИ ШӮРОБ

    ​Дар идомаи сафар гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод, бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода ба шаҳраки Шӯроб ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • БОЗДИД АЗ "АМИД" ВА БИНОИ НОЗИРОТИ АНДОЗ

    Боздид аз силсилаи объектҳои муҳими соҳаи иқтисод ва хизматрасонӣ самти дигари боздид буд. ​Аҳамияти асосии ин боздид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона карда шуд.

    2026-08-05

  • САРВАРИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ БА ШАҲРИ ИСФАРА ТАШРИФ ОВАРД

    Гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод ва бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

    2026-08-05