Раиси шаҳр таъкид кард, ки саҳми олимону зиёиён дар тарбияи насли нав ва муаррифии илми кишвар дар арсаи байналмилалӣ хеле муҳим аст. Дар ин самт фаъолияти шабонарӯзии Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овардаву ҷавононро зарур аст, танҳо хонанд, илм омӯзанд ва барои пешрафти Ватани азизамон заҳмат кашанд.
Муртазо Назаров дар навбати худ изҳор дошт, ки маҳз туфайли Истиқлоли давлатӣ ва шароитҳои фароҳам овардаи Пешвои миллат ӯ ва дигар ҷавонони тоҷик имконият доранд берун аз Тоҷикистон илм омӯзанд, фаъолият баранд ва дар беҳтарин донишгоҳҳову кишварҳои ҷаҳон кору зиндагӣ кунанд.
-Теъдоди ҷавонони соҳибистеъдод, ки берун аз Ватан кор мекунанд, кам нестанд. Ҳамаи дастовардҳои онон туфайли Истиқлоли давлатист ва дар ин миён худи ман низ истисно нестам. 35-40 сол қабл ин гуна имконият умуман вуҷуд надошт ва гузаштагонамон ҳарчанд соҳибистеъдод буданд, аммо имкони муаррифии худ дар сатҳи байналмилал надоштанд,-таъкид дошт профессор М.Назаров.
Дар рафти мулоқот аз ҷониби шаҳрдори Исфара ба Муртазо Назаров барои заҳматҳои шабонарузӣ, дастовардҳои назаррас ва хизматҳои шоистааш дар рушду нумӯи илми ҷаҳонӣ Сипоснома ва эҳтироми амиқ тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки миллати тоҷик аз қадим дар илми риёзӣ тавоно буда, яке аз математикони муваффақ дар сатҳи ҷаҳонӣ Mуртазо Назаров аст, ки айни ҳол профессори Донишгоҳи Уппсала — яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин донишгоҳҳои Шветсия мебошад. Ҳамчунин, профессори даъватии Донишгоҳи Teхаси ИМА ба шумор меравад.
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара