Маълумот оид ба таъмини иҷрои нақшаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Исфара дар нимсолаи якуми соли 2026

Бо дарназардошти таъмини рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷроиши қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар давоми нимсолаи якуми соли 2026 ба андозаи 105,4 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра ба буҷети давлатӣ 137 миллиону 577 ҳазору 393 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 7 миллиону 62 ҳазору 393 сомонӣ зиёд буда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 27 миллиону 724 ҳазору 722 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад, дар нимсолаи якуми соли 2026 ба андозаи 104,7 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра ба буҷети маҳаллӣ 101 миллиону 17 ҳазору 181 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда 4 миллиону 507 ҳазору 181 сомонӣ зиёд буда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 20 миллиону 82 ҳазору 593 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ бошад, дар ин давра ба андозаи 108,0 фоиз таъмин гардида, дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ 36 миллиону 560 ҳазору 212 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 555 ҳазору 212 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи даромади андози иҷтимоӣ бошад, дар шаш моҳи соли 2026 28 миллиону 594 ҳазор сомонӣ ташкил дода, он ба андозаи 110,4 фоиз таъмин гардидааст. Амалан ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо назардошти маблағҳои хароҷоти дохила 63 миллиону 604 ҳазору 664 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 6 миллиону 10 ҳазору 664 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи даромади андози иҷтимоии буҷетӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ба маблағи 32 миллиону 16 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардида, он 103,1 фоиз таъмин гардидааст. Амалан ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо назардошти маблағҳои хароҷоти дохила 32 миллиону 995 ҳазору 511 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 979 ҳазору 511 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад, дар нимсолаи якуми соли 2026 маблағи 25 миллиону 578 ҳазор сомонӣ буда, он ба андозаи 119,7 фоиз таъмин гардидааст. Ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо назардошти маблағҳои хароҷоти дохила 30 миллиону 609 ҳазору 153 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 5 миллиону 31 ҳазору 153 сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 01.01.2026 маблағи 13 миллиону 892 ҳазору 497 сомонӣ-ро ташкил дода, ба ҳолати 01.07.2026 бошад, 23 миллиону 576 ҳазору 276 сомонӣ-ро дар бар гирифта, нисбат ба санаи 1 январи соли 2026 ба маблағи 9 миллиону 683 ҳазору 779 сомонӣ зиёд гардидааст. Яке аз сабабҳои асосии зиёд гардидани бақияпулиҳои андозӣ аз ҳисоби хариди назоратии камералӣ ва бозҳисобии андозҳо дар корхонаҳои сохтмонӣ буда, аз ҷониби дигар бинобар тағйир ёфтани Тартиби муайян кардани қарзҳои мушкилситон ва баҳснок ва дар ин раванд ба низом даровардани бақияпулиҳои андозӣ мебошад. Давоми нимсолаи якуми соли 2026 дар натиҷаи чораандешиҳо 8 намуди сарчашмаҳои банақшагирифташудаи қисми даромади буҷет ба пуррагӣ ё барзиёд иҷро гардида, сифатнокии қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр пурра таъмин гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Исфара ба андозаи 99,2 фоиз таъмин гардида, мувофиқи нақша бо тағйироту иловаҳо мебоист 161 миллиону 955 ҳазору 690 сомонӣ хароҷот мешуд. Амалан бошад, 160 миллиону 735 ҳазору 774 сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 219 ҳазору 916 сомонӣ кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ барои пурра пардохт намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ 118 миллиону 309 ҳазору 393 сомонӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа 29 миллиону 613 ҳазору 511 сомонӣ равона карда шуда, хароҷоти дигар моддаҳои ҳимояшаванда 12 миллиону 337 ҳазору 980 сомонӣ-ро ташкил дод. Инчунин, барои пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоии кормандони техникии муассисаҳои буҷетӣ ҳамагӣ 474 ҳазору 890 сомонӣ маблағ пешбинӣ ва ба хароҷот бароварда шудааст. Мувофиқи маълумотҳо, барои соҳаи иҷтимоиёт 152 миллиону 380 ҳазору 52 сомонӣ хароҷот гардида, 95 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро дар бар гирифтааст. Барои моддаҳои ҳимояшаванда бошад, маблағи умумии 149 миллиону 156 ҳазору 332 сомонӣ хароҷот гардидааст, ки 93 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро ташкил медиҳад. Маврид ба зикр аст, ки музди меҳнати моҳи июн ва рухсатипулии омӯзгорон барои моҳи июн пурра ва сари вақт пардохт гардида, ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар ин самт қарздорӣ вуҷуд надорад. Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар оянда низ баҳри таъмини иҷрои сифатноки буҷети шаҳр корҳои амалиро ба роҳ монда, ҷиҳати ноил гардидан ба имкониятҳои молиявӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.

Хабарҳои нав

  • МУЛОҚОТИ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ИСФАРА

    ​Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.

    2026-08-05

  • БОЗДИДИ АЗ ИНШООТҲОИ ШАҲРАКИ ШӮРОБ

    ​Дар идомаи сафар гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод, бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода ба шаҳраки Шӯроб ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • БОЗДИД АЗ "АМИД" ВА БИНОИ НОЗИРОТИ АНДОЗ

    Боздид аз силсилаи объектҳои муҳими соҳаи иқтисод ва хизматрасонӣ самти дигари боздид буд. ​Аҳамияти асосии ин боздид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона карда шуд.

    2026-08-05

  • САРВАРИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ БА ШАҲРИ ИСФАРА ТАШРИФ ОВАРД

    Гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод ва бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • СУҲБАТИ ОШКОРОИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА БО ЖУРНАЛИСТОН

    Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазодаро, ки санаи 29 июли соли 2026 бо ширкати кормандони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, метавон ошкорову самимӣ номид.

    2026-07-29