ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ «МОҲПАРӢ-1» БО ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР ТАЪМИН ШУД

Дар доираи ин ташаббусҳо ва бо дастгирии Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода дар пойгоҳи обкашии «Моҳпарӣ-1» дастгоҳи нави обкашии тамғаи 22NDS насб ва мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ба кор андохтани дастгоҳи нав раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода иштирок намуда, бо пахш кардани тугма ба фаъолияти расмии он оғоз бахшид. Дастгоҳи нави обкашӣ имконият медиҳад, ки то 1500 гектар замини кишоварзӣ бо оби полезӣ мунтазам таъмин карда шавад. Ин нишондиҳанда нисбат ба дастгоҳи қаблан фаъолияткунанда (ки танҳо ба 1045 гектар замин об мерасонид) 455 гектар зиёд мебошад. Насби таҷҳизоти мазкур ба беҳтар гардидани таъминоти оби полезӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обии шаҳр мусоидат менамояд. Он дар таҳкими афзоиши истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ободонии минтақа саҳми назаррас хоҳад гузошт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Сарвари давлат ва беҳтар намудани шароит дар самти таъминот бо об амалӣ намудани чунин лоиҳаҳои муҳимро минбаъд низ идома медиҳад.

Хабарҳои нав

  • МУЛОҚОТИ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ИСФАРА

    ​Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.

    2026-08-05

  • БОЗДИДИ АЗ ИНШООТҲОИ ШАҲРАКИ ШӮРОБ

    ​Дар идомаи сафар гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод, бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода ба шаҳраки Шӯроб ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • БОЗДИД АЗ "АМИД" ВА БИНОИ НОЗИРОТИ АНДОЗ

    Боздид аз силсилаи объектҳои муҳими соҳаи иқтисод ва хизматрасонӣ самти дигари боздид буд. ​Аҳамияти асосии ин боздид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ равона карда шуд.

    2026-08-05

  • САРВАРИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ БА ШАҲРИ ИСФАРА ТАШРИФ ОВАРД

    Гурӯҳи кории Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумита Камолиддин Муминзод ва бо ҳамроҳии муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

    2026-08-05

  • СУҲБАТИ ОШКОРОИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА БО ЖУРНАЛИСТОН

    Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазодаро, ки санаи 29 июли соли 2026 бо ширкати кормандони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, метавон ошкорову самимӣ номид.

    2026-07-29